Ифшои ҳуввият ва макони рабояндагони Гулрухсор Рофиева
Вазорати умури дохилии Яман аз муайян шудани ҳуввияти афроде, ки дар рабудани Гулрухсор Рофиева, табиби тоҷик дар ин кишвар даст доранд, хабар додааст.
Хабаргузории “Маъриб Пресс” аз қавли масъулини Вазорати умури дохилии Яман навиштааст, дар рабуда шудани табиби тоҷик се шаҳрванди ин кишвар муттаҳам мешаванд, ки қаблан низ ба ин гуна ҷиноят даст задаанд.
Манбаъ аз одамрабоён, Алиносир Солеҳи Ҳариқдони 45-сола, Муҳаммадносир Солеҳи Ҳариқдони 30-сола, Носир Солеҳ Ҳариқдони 27-сола ном бурда, гуфтааст, ин афрод аз қабилаи Оли Ҳариқдон Оли Мазъа Убайда мебошанд, ки зодаи минтақаи маъруф ба номи Ал-Водии вилояти Маъриби Яман ҳастанд.
“Маъриб Пресс” мегӯяд, ин афроди дар гузашта низ чандин бор даст ба дуздии шаҳрвандони хориҷӣ зада, танҳо баъд аз мудохилаи ҳукумати Яман ё раҳбарони қабилаҳо онҳоро озод кардаанд.
Гулрухсор Рофиева, шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон, ки дар асоси қарордод бо ширкати “Здравэкспорт”- и Русия, дар яке аз беморхонаҳои низомии вилояти Маъриби Яман ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор мекард, рӯзи 29 октябр аз сӯи афроди мусаллаҳ рабуда шудааст. Расонаҳои арабзабон аз қавли шоҳидон навишта буданд, ки Рабиеваро афроди мусаллаҳи савори мошини сурх аз кӯчаи марказии назди беморхонаи низомӣ дуздиданд. Дар пайи коршикании ҳамкорони Рофиева мақомоти Маъриб эълон намуданд, ки ҷои будубоши шаҳрванди Тоҷикистонро муайян намудаанд ва гуфтушунид барои раҳоии ӯ идома дорад.
Ахиран Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон низ ба ин қазия дахл карда, бо ирсоли як паёми шахсӣ аз ҳамтои яманияш Абдуллоҳ Ас-Сойидӣ дар раҳо намудани табиби рабудашудаи тоҷик, Гулрухсор Рофиева кӯмак хостааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар паёми Сироҷидин Аслов аз мақомоти салоҳиятдор ва шахсан аз Вазири корҳои хориҷии Яман тақозо шудааст, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳо барои раҳоии ҳарчӣ зудтари Гулрухсор Рофиева тадбирҳои муассир андешанд. Ба иттилои ин ниҳод Робиева аз ҷониби гурӯҳи номаълум дар минтақаи Маъриби Ҷумҳурии Яман рабуда шудааст.
Қаблан Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон барои раҳоии дар Яман аз сафорати Русия дар ин кишвар дархости кӯмак намуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |