Лисовский бартарияти тоҷикҳоро аз чиниҳо шарҳ дод
Сергей Лисовский, ноиби аввали Кумитаи Шӯрои федералии Русия оид ба сиёсати аграрӣ ва ғизо бо нашри як матлаб дар матбуоти Русия бартарияти тоҷикҳоро аз чиниҳо шарҳ дода, гуфтааст, ки тоҷикон бояд такягоҳи Русия дар соҳаи рушди деҳот гарданд.
Лисовский гуфтаст, ки Тоҷикистон ҳанӯз худро қисме аз Русия медонад ва шарҳ додааст, ки на аз нигоҳи қаламрав, балки фарҳангу манофеъ. Аз ҷумла мисол овардааст, ки дар ҳамаи сабқатҳои варзишӣ тоҷикон аз намояндаҳои Русия мухлисӣ мекунанд.
Ин узви ҳизби ҳокими Русияи Воҳид таъкид намудааст, ки тоҷикон аз чиниҳо бо он бартарӣ доранд, ки хеле хуб унс мегиранд ва зуд бо мардуми Русия омезиш меёбанд: “Дар манотиқи мо мисолҳо хеле зиёданд. Ҷавонони тоҷик меоянд бо духтарон шинос мешаванду оила бунёд мекунанд ва аз онҳо фарзанд таваллуд мешавад ва ба мисли аъзои дигари ҷомеа баробар зиндагӣ мекунанд”.
Ба гуфтаи Лисовский бархилофи тоҷикҳо чиниҳо унс намегиранд ва ин аст, ки дар ҳар кишвари ҷаҳон шаҳракҳои чинӣ ё “чайна таун” пайдо мешаванд. Ӯ зуҳури “чайна таун”-ҳоро хавфнок хонда, изҳор доштааст, ки дар оянда метавонад бо хушунату мухолифатҳо анҷомад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |