Куштори навзод аз ҷониби модари ҷавон дар Рашт
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, як пешхизмати 24-солаи тарабхонаи Хуҷандиён аз ночорӣ ва барои гурез аз таънаи мардум тифли ҳафтмоҳаи батнашро ба ҳалокат расонда, давоми се рӯз ҷасадро дар хона нигоҳ доштааст.
Ба иттилои манбаъ ин пешхизмати тарабхонаи Хуҷандиёни ноҳияи Рашт дар он муттаҳам мешавад, ки бо истеъмоли доруи махсус тифли дар батнашро куштааст ва ҷасади тифлро 3 шабонарӯз дар айвони хонаи иҷоравияш нигоҳ доштааст: “Пас аз ташхиси ҷасади тифл хулосаи тиббӣ маълум кард, ки тифли навзод 7 моҳа будааст.”
Дар ҳоле, ки ба иттилои мақомоти умури дохилӣ қонунгузорӣ танҳо то 3 моҳагии ҳомиладорӣ исқоти ҳамлро иҷозат додааст: “Ин ҷавонзани тоҷик дар куштори тифли навзоди худ муттаҳам мешавад. Алайҳи ӯ тибқи моддаи 105, ба иттиҳоми куштори навзод аз ҷониби модар дар ҳолати харобии руҳӣ айб эълон шудааст, ки то 5 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ кардааст.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |