Ҳалокати Мубораки 18-сола зери чархи “УАЗ”
Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Шаҳринав як нафар кушта ва як тани дигар захмӣ шудаанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 13 ноябр Аҳтам Давлатови 52-сола, сарнишини автомашинаи тамғаи “УАЗ”, “аснои ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Қаратоғ ба самти ноҳияи Шаҳринав, дар роҳи мошингард, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сабо, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон Муборак Давлатова соли таваллудаш 1996 ва Зубайда Давлатова соли таваллудаш 1958-ро пахш намудааст”.
Ба иттилио манбаъ, дар натиҷа Мубораки 18-сола ба ҳалокат расида, Зубайда бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |