Бахшҳо

Занҳо барои ҳамдигар чоҳ накананд

Зеварбону РАУФӢ

Инсон руҳ аст ё ҷисм? Яъне, муҳаррики талошҳои ӯ, иллати устуворӣ барои расидан ба ҳадафҳояш тавони ҷисмии ӯ дар авлавият аст ё иродаву руҳи ӯ? Шояд садсолаҳост, ки аҳли андешаву фикр сари ин пурсишҳо изҳори назар мекунанд ва посух меҷӯянд. Намедонам, оё рӯзе посухи яксоне баён хоҳад шуд ва ин посух оё рӯзе аз ҷониби ҳамагон писандида хоҳад шуд ё на. Вале пас аз ошноӣ бо ин бону ва огаҳӣ аз рӯзгору пайкораш ба ин натиҷа расидам, ки муҳаррики инсон барои талошҳо пеш аз ҳама руҳу иродаи ӯст. Сухан аз Марворид Ҳомидова, сокини шаҳри Ваҳдат аст. Бо ин ки солҳост пойҳояш аз кор мондаанд устуворона ба пеш харакат мекунад ва бовар дорад, ӯро ояндаи дурахшон интизор аст. Ӯ шиква надорад ва дар баробари мушкилот зону ҳам назада. Саргузашташ дар зеҳни инсон суханони Долерес Ибарури, бонуи муборизи испониёиро бедор мекунад, ки мегӯяд: “Аз зону зада зистан сари по истода мурдан беҳтар аст”.


Марворид тайи ин чанд сол устуворона ва пайгирона талош карда, ки сари по биистад ва зиндагии сарбаландона дошта бошад. Вақте бо ӯ суҳбатро оғоз кардем, на ба оҳанги шиква, балки бо садое ғамангез ва бо ҳолате пазируфтани ҳақиқат сарнавишти худро баён кард. Мегуфт зиндагӣ ҳамин тавр кард, пастию баландиҳои зиёд дидам, бароям ду шикасти пай дар пай шуд, яке маъюб шудан ва дигаре ҷудо шудан аз ҳамсарам. Аммо ин зарбаи тақдир маро натавонист комилан аз пой андозад. Ҳоло шодам, ки донишҷӯи курси 2 дар факултаи ҳуқуқшиносии умумӣ дар Донишгоҳи миллӣ ҳастам ва дар суди шаҳри Ваҳдат ҳамчун коромӯз фаъолият мекунам.

Дар бораи собиқ хамсараш пурсидем, гуфт, ман ва ӯ соли 2005, вақте синфи 11-ро хатм кардам издивоҷ кардем. “Ҳамаи ҳамсинфонам ба донишгоҳҳо дохил шуданд, ман бошам ба хонаи ҳамсар рафтам. Албатта, мехостам тарҷумон шавам, лек имконият нашуд. Ҳамсарам ва ман якдигарро дӯст дошта хонадор шуда будем. Мутаассифона ба модари ӯ писанд набудаам, вале чун ҳамсарам шарт гузоштааст, ки ё онҳо маро арӯс мекунанд ё издивоҷ намекунад, ба қавле таҳти таъсири ин шарти фарзандашон маро ба зании писарашон қабул карданд. Аммо аз тарафи хоҳарони шавҳарам ва хушдоман мавриди танқид ва баъзан таҳқир қарор гирифтам”.

Марворид Ҳомидова мегӯяд, ба ҳамаи ин ба хотири муҳаббати хамсараш тоқат меовард, лек ин фишорҳо ва эътироф нашуданаш ҳамчун як узви оила дар хонаводаи шавҳар оқибат бемораш сохт. “Соли 2010 ба ҳамин далел, яъне фишорҳои равонӣ, пойҳоям аз кор монданд ва маро ба хонаи падариям оварданд. Ду сол дар хонаи падар будам. Соли 2012 зери таъсири ҳарфҳои хушдоман ҳамсарам ва ман ҷудо шуд. Масъалаи ҷудошавии ман ва ҳамсарам он қадр оддӣ ҳам набуд, бо ин ки ӯ талоқи маро дод, намехост расман ё қонунӣ ҷудо шавем. Чанд бор барои овардани лавозимам ба хонаи онҳо рафтам, вале маро ҳатто ба хона ворид шудан намонданд. Пас аз чанд бор рӯбарӯ шудан бо як чунин мушкил ба суд муроҷиат кардам ва дар рафти кашмакашҳои судӣ ба ин касб дил бастам”,-ёд меоварад ҳамсуҳбати ман.

Ӯ афзуд, пас аз ҷудо шудан аз ҳамсар бо духтари кучакаш дар хонаи падарияш мезист. Гиряҳои ҳар рӯзи духтар, чаро дигарон падар доранд, вале ман надорам гуфтанҳои ӯ водораш кард, ба донишгоҳ дохил шаваду ҳуқуқи тифлакони маъсуме ба мисли духтарашро, ки ҷабри хатои волидон мекашанд, муҳофизат кунад. Барои амалӣ гардонидани ин орзӯ ба номи раиси ҷумҳур нома навишт, ки посухаш дақиқан пас аз 15 рӯз омад ва ӯро ба донишгоҳ даъват кардаанд: “Аз соли 2013 инҷониб дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунам ва дар суди шаҳри Ваҳдат ҳамчун таҷрибаомӯз фаъолият дорам”.

Аз Марворид пурсидам, чи гуна лаҳзаҳои сахти зиндагиашро паси сар кард? Посух дод: “Вақте хонаи фарзанд вайрон шуд ва аз зиндагӣ то ҷое ноумед гашт, волидон бояд ба онҳо кумак расонанд. Шахсан барои ман дар лаҳзаҳои ҳассостарин ва дилшикастагӣ волидонам маншаи бовар ва ба қавле қуввати дил буданд. Падару модарам буданд, ки тавонистам киштии зиндагиямро, ки дар тӯфони ҳаводис дар ҳоли ғарқшавӣ буд, ба контроли худ дарорам ва аз хатари ғарқшавӣ наҷот ёбам. Ҳозир бошад дар дарёи ором дар ҳоли ҳаракат ҳастам ва умедворам, хеле зуд киштии ман ба соҳили мурод мерасад ва дар онҷо лангар меандозад”.

Ба бовари Марворид вақте волидон фарзандро кумак мекунанд, руҳияаш баланд мешавад, зери бори яъсу ноумедӣ қоматаш хам намегардад, қудрат пайдо мекунад, то садо баланд кунад ва посух ҳам бигирад. Муҳимтарин чиз ин аст, ки дар роҳҳои пурхаму печи зиндагӣ инсон бояд иродаи қаввӣ дошта бошад: “Ман хеле шодам, чунки худро маъюб эҳсос намекунам, зеро ман ашхоси солимеро дидам, ки ирода надоранд, боварашон ба худ заиф аст, ана ҳамон одамҳо маъюбанд, ман маъюб нестам”.

Шумо далели муваффақ нагаштанатон дар зиндагии хонаводагиро дар чи мебинед? – мепурсам аз ӯ.
-На танҳо ман, имрӯз хеле аз оилаҳои тоҷик аз рӯи нофаҳмиҳои оилавӣ хонавайрон мешаванд. Фикр накунам, ки ҳар яки онро мисол овардан шарт бошад. Ман танҳо ҳамон ҳолате, ки аз сари худам гузашт, мегӯям. Ҳамсарам маро дӯст дошта гирифт бо ин, ки модараш розӣ набуд. Ана ҳамин далел шуд, ки аз тарафи модар ва хоҳарони шавҳарам мавриди фишор қарор гирам. Ҳар рӯз аз ҳар кору гапи ман нуқсҷӯйиҳои онҳо оқибат асабҳои маро ба куллӣ хароб кард ва ана имрӯз пойҳои ман ба ҳамин иллат аз кор монданд. Ҳамсарам бо сухани модараш маро талоқ дода баъди чанде духтари интихобнамудаи модарашро ба занӣ гирифт, лек афсӯс... Ӯ, ки ноилоҷ аз ман ҷудо шуда буд, ба қавле “принсип” карда ин духтарро низ бо як фарзанди хурдаш талоқ дод ва дар ин байн ду зани тоҷик ва фарзандонашон бо сабаби бемаданиятӣ ва каммаърифат будани аъзои оила хонавайрон гаштанд. Шавҳарам боре ҳам ба ман пешниҳод дод, ки аз нав оила барпо кунем, аммо имрӯз дигар ин пешниҳодро қабул карда наметавонам, зеро дар он лаҳзаҳое, ки ман пеш аз ҳама ба сарпаноҳ ва пуштибон ниёз доштам маро раҳо кард.

Вақте бо ҳамсарам мезистам дар як ҳавлӣ чанд оила зиндагӣ мекардем, хушдоман ва хусурам бо ду писари хонадор нашуда, ману шавҳарам ва духтарчаам, як бародари дигари шавҳарам, ки хонадор буд ва бо 4 фарзандаш ҳамроҳи мо мезист. Як хоҳари шавҳарам аз ҳамсараш ҷудо шуда буд ва низ бо мо мезист ва дигар духтарони хушдоманам ҳам ҳар сари чанд ба хона меомаданд. Оилаи амаки шавҳарам низ бо мо буданд, ки онҳо низ ба чанд оилаи дигар тақсим мешуданд. Аз ҳамин сабаб кори хона беҳад бисёр буд. Шояд ҳамин ҳам як далели барор нагирифтани зиндагии оилавии ман бошад, - мегӯяд Марворид Ҳамидова.

Ба назари ӯ барои пайдо шудани ин гуна мушкилот дар оила аксар маврид мардон гуноҳе надоранд, ҳар чи мешавад занҳо худашон ба якдигарашон мекунанд. Агар хонумҳои оилаи шавҳар ба келинҳояшон ба мисли фарзанд ва хоҳар муносибат кунанд, чунин мушкил хеле кам мешавад. Зеро яке аз далелҳои асосие, ки дар ҷумҳурии мо сатҳи талоқ боло меравад, маҳз чунин нофаҳмӣ ва фишорҳо аз тарафи занҳо ба занҳо аст. Беҳтар аст, занҳо бо ҳамдигар “забон биёбанд”, на ба қавли маъруф барои якдигар чоҳ бикананд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Мехр
Суханхои Марворид зарру гухар аст, ва ифодагари хакикати талх ва вокеияти хаёти оилавии аксарияти мардуми Точик аст. Бояд дар сатхи Хукумат барнома ва ё конуне кабул кард, ки то аз волидаини тарафхо талаби мустакилияти онхоро, аз кабили касбу хунар доштан ва кафолати зиндагии мустакилии чавоноро ба рох монанд. Бояд мафкураи анъанавии, туи кунаму хушбахтии фарзандамро харчи тезтар бинам гуфта, хаёт ва ояндаи фарзандонро зери хатар гузоштанро аз баин бурдан даркор.

Мансурчон
маколаи бехтарин офарин!

зиндаги шабехи занбури асал аст хам нуш дорад хам неш хар он кас нуши зиндаги мекунад,ки бо нешаш тобовар бошад албата босабр духтар будаед офарин

Проста Мансур
Офари Зеварбону. Ба масъалаи нихоят мухим даст задаи. Чудошавии оилахо, доги абадие дар калби ятимон мемонад ва харчи пештар роххои кам кардани онро бояд чуст. Ки гунахкор? Зан, мадр, хушдоман, хусур, яна (хохари шавхар), хевар (додари шавхар) ва г. Агар хамаи инхо маърифати хамсардори, хусуру домоддори ва ё келиндори, янгаву язнадориро дошта бошанд, хеч гох оилахо аз хам намепошанд. Мувафакият хохонам.

кулоби
Дар хакикат Чаноби Оли шахси худодод аст, бинед, ки чи кадар мардуми мазлуми точикро дастгири ва ба зиндагии хуб ба оянда талакки мекунад. Холо баъзе аблахои манфиатчу танкид мекунад, хамунхоро соз пурсед дарахтеро барои ин сарзамин ва миллати сарбаланди точик сабз накардаанд зинда боши Чаноби Оли

Ман
афарин, каламат сабз бошад!

парвона
халки пасмондаи хурофотзадаи ман!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)