Бахшҳо

Суруди Ҷенифер Лопес “ҳайвон”, рэпҳои тоҷикӣ “хар”-у “тенҷи бад”?

Маҳбуби ГАНҶААЛӢ

Дар торнамоҳои марбут ба мусиқии тоҷикӣ ному насаби сарояндаву унвони суруд маъмулан бо калимаву ибораҳое монанди “ҳайвонай”, “тенҷи бадай” ва “хар”-у “девонашай” иваз шудаанд.


Дар интернет шумораи сурудҳое, ки ҷои ному насаби хонанда ва унвони он вожаву ибораҳои “навбаромад” навишта шудааст, дар ҳоли афзоиш аст. Масан дар торнамоҳои мусиқӣ таронаҳоеро бо номи “Гуш кнен Хари бадай”, “Тенҷи бад хондай”, “Ана ира рэп меган харрай” ва “ҳайвонай” кам нестанд. Бештари чунин сурудҳо ба жанри рэп рост меоянд. “Харакай” як рэп дар бораи он ки бой нест, танҳо ронандаи такси асту бо “трафрет”-и “8”-у “3” ва бо ивази 3 сомонӣ мусофир мекашад. "Мезанм таксӣ дар барм баклашкаи чоюм”,-мегӯяд ин рэпсаро. “Паҳҳҳҳ Хари Бадай” аз қиссаи ҷавоне нақл мекунад, ки “пешаш шишаи арақ хотира менависад” ва “Хари бадай гушот меҷунба” “нолиши дил”-е аз ғами “асалак” аст...

Аммо аҷибаш он аст, ки на ҳамаи сурудҳо бо чунин номҳо тоҷикӣ ҳастанд. Масалан, вақте сурудеро бо номи “ҳайвонай” боз кардам, маълум шуд, таронаи Ҷенифер Лопес будааст. “Я чи хар хондай” бошад, суруди ҳиндиест, ки ахиран дар Тоҷикистон ҳаводори зиёд дораду аз нуқтаҳои фиттафурӯшӣ пайваста садо медиҳад. “Хари бад мехона барои тов додан” бошад, як суруди туркӣ ва “Хари бадай” таронаи “Прошу вернись”-и Хасбулат Раҳмонов аст.

Бар илова оҳангҳое низ бо ин номҳо пайдо мешаванд, монанди “НОВИНКА!!! БАРОИ ГУДОК ХАРИ БАДАЙ-2014” ва аммо барои онҳое ки мошин доранд тавсия мешавад, “ҳайвонай барои Мошин”-ро “скачать” кунанд.

Аслан, бо чунин номҳо дар сайтҳои мусиқӣ ҷой кардани таронаҳо барои зиёд кардани теъдоди шунавандаҳои ин сурудҳо аст, зеро кайҳост, вожаҳои “хар” дақиқтараш “хаааар”, “ҳайвооон” ва “девонааашай” ба ҷои “хуб”, “беҳтарин” ва “олӣ” истифода мешаванд. Ин номҳо таваҷҷуҳи бештари ҷавононро зуд ба худ мекашад ва сурудҳое бо чунин унвонҳо дар қатори зиёдҳифзшудаҳоянд. Танҳо сурудҳое дар формати МР3 нестанд, ки номи онҳо иваз шудааст. Даҳҳо навори видеоӣ ва клипҳое низ дар интернет вомехӯранд, ки ҳамчун “хари бадай” ва “девонашай” муаррифӣ гардидаанд.

То имрӯз ба ҷуз як овозхони тоҷик, дигар касе ба чунин номгузориҳо дар интернет вокуниш нишон надодааст. Ҳабиб Ҳакимов, овозхони гуруҳи “Фарзин” чанд вақт пештар дар саҳифаи Фейсбукаш даъват карда буд, дигар нисбат ба эҷоду таронаҳояш аз калимаи “хааааар” истифода накунанд: “Мефаҳмам, ки барои бисёре аз Шумо хар рамзи зебоӣ ва лирика шудааст, аммо “ХАРИ БАДАЙ” мафҳуми аблаҳона аст! Хоҳиш мекунам, онро ба эҷод ва таронаҳои ман нисбат надиҳед. Сурудҳоямро бо меҳнат ва аз таҳти дил таҳия мекунам. ДАР БОҒИ ҲАЙВОНОТ СУРУД ЭҶОД НАМЕКУНАМ!”.

Як сарояндаи дигар, ки хоҳиш кард номаш бурда нашавад, гуфт, эътирози онҳо фоидае надорад, зеро онҳое ки номи сурудҳоро тағйир медиҳанд, ба қавли ӯ “аҳли фаҳм” нестанд ва хоҳишу дархосту даъват ҳам ба онҳо корагар намешавад: “Агар онҳо одамони бофаҳму бомаърифат бошанд, ин корро намекунанд. Ҳеч нафаре аз аҳли фаҳм бо эҷоди як каси дигар, ки баробари фарзанд барояш азиз аст, чунин беэҳтиромӣ намекунад. Аз ин хотир на эътироз фоида дорад ва на хоҳишу даъват”.

Бештари афроде, ки ному насаби сароянда ва унвони сурудҳоро тағйир медиҳанд дар сомонаҳои мусиқӣ бо ному насаби худ сабти ном нашудаанд. Аҷиб аст, ҳеч яке аз онҳо ки таронаҳоро ба қавлашон ба хотири “маҳбуб” шудан “хар”-у “ҳайвон” ном мегузоранд, дар интихоби номи дуруғини худ аз ин калимаҳо истифода накардаанд...
Мӯҳр
Хотам
Хамин матни Махбуби ганчали хам аз таъсири чунин сурудхо сироят шуда менамояд. муаллиф эхтиёт кунад ки назокати худиро аз даст надихад

Мехр
Суруд бояд хангоми садояш ба рух илхом ва ба чисм рохат бахшад. Касе ин РЕПхоро тахия мекунаду, ва касе онро зам зама мекунанд аз як чамоатанд, ки худашон онро тасдик мекунанд.

.
ИН забоне ки калимахои харрай, хайвонай, девонахай, гизалахай забони мардуми бефарханги бозори аст. Мутассифона, мардуми точик ба хамин гуна мардуми бозори табдил шуда истодааст.

Мансур
шумо дигаи кор надоед факат хофизора реклама мекунед, аз мансур сар кардо то шабнами сураё хамеша манбаи хабарсози шумоянд............

Muslim
Ин чи бе маданиятисттттттттт забона мебахшед мисли хару гов накунед...

Хар як чамьият мехохад бо тарзи худ сарояд.Аслан реп моли мардуми сиехпустон аст.онхо пештар норозигии худро нисбати хукумати Амрико сароидаанд.аммо холи хозир ин муд шудааст.лекин барои мо Точикон айб аст.ин чизи мо нест.бигузор хамон европоию-амрикоихо хондан гиран.агар сад соли дигар реперсароени дуне хонанд ба мисли устод Зафар Нозим.Афзалшо Шоди.Абдулло Султон. намебароянд.

Абдурахмон
Мехондагиш хари раками якай гуш мекардагиш ай и харда пеш

Dev
Baroi on ki javonhoi hozira, aksariyat ajnan rangi hamun haru govand.

Тапарков Евгений
Чун чомеъа хело бесавод ва кашшок аст ин тамизу доираи фахму дониши чавонон низ аз хамин фарханги фурурафта манша мегирад.Чавонон инчо гунахгор нестанд,инкишофи сусти чомеъаи имруза гунахгори асли аст.

Хотам фахмидем ту зур. Хари бади.. аммо ту чаро мах,алгарои дори? Оё он шахсе, ки аз дех,от ба шах,р омадааст Точик нест? Инч,о лозим нест, ки мо айб ч,уйем ба монанди занх,ои лаби об гайбат кунем лак,ем. Агар шумо зур (хар) - бошед рох,и х,алли ин мушкилотро нависед.

Х,ар шаб зи худат бипурс агар ту марди.
Ки имруз ба мардум чи хизмате карди?
Наинки касеро танк,ид кардиву аз буи гиребони худат бехабар шуди.

Хотам,
Хотам,
Хотам,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)