Фағонӣ: Барои иҷрои таъкиду тавсияҳои Руҳонӣ ба Душанбе омадам
Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири тозатаъйини Эрон дар Тоҷикистон баъд аз як соли анҷоми ваколати ҳамтои қаблияш вориди шаҳри Душанбе шуд.
Ӯ дар нахустин лаҳзаҳои ворид шуданаш ба Тоҷикистон рӯзи 13 ноябр дар суҳбат бо хабаргузории “Форс” гуфтааст, “қабл аз омадан ба Душанбе бо Ҳасан Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон мулоқоти хосса доштам ва барои иҷрои баъзе аз корҳо тавсияҳо низ гирифтаем”. Ба гуфтаи Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, Теҳрон тамойюли тавсеаи равобити худ бо Душанберо дораду раисҷумҳури Эрон дар дидораш бо ӯ ба вижагии равобити ду кишвар зиёд таъкид кардааст: “Ба мо тавсия карданд, ҳадди аксар талошҳои худро барои рушди муносиботи ду давлат анҷом диҳем”.
Сафири нави Эрон дар Тоҷикистон дар идома изҳор доштааст, ки бо ворид шудан ба Душанбе ҳеч эҳсоси бегонагӣ накардааст, чун ба қавли ӯ, ҳамзабонӣ ва муштаракоти фаровони мардуми ду кишвар ба ин иҷоза надодаанд. Оқои Фағонӣ зарфиятҳои равобити иқтисодию тиҷорӣ ва фарҳангии Эрону Тоҷикистонро бисёр муносиб арзёбӣ карда, афзудааст, “бо ҳамкорӣ бо дӯстони тоҷики худ ба сурати беҳтаре ба фурсатҳои ҳамкорӣ ва кӯмак ба иртиқои таомулоти иқтисодию тиҷорӣ миёни ду кишвари дӯст пайдо кунем”. Ӯ баён доштааст, ки пеш аз сафараш ба Душанбе инчунин бо Неъматуллоҳ Эмомзода, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон мулоқот карда ва умед дорад, дар якҷоягӣ бо ӯ метавонанд, ба муносибатҳои ду кишвар тавсеа бахшанд.
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |