Парвиз Назаров дар Душанбе "Дидори ту хуш"-ро клип мекунад (ВИДЕО)
Парвиз Назаров, овозхони шинохтаи тоҷики муқими Қазоқистон клипи нави худро дар Душанбе ба навор мегирад.
Ин клип бар матни таронаи тозаи ӯ бо номи “Дидори ту хуш” таҳия хоҳад шуд. Қаблан, Парвиз дар саҳифаи Фейсбукаш аз шурӯи кастинг барои ин клип хабар дода, навишт, духтарони хушсалиқаи Душанберо, ки истеъдоди рақсидан доранд, мунтазир хоҳанд буд. Аброр Назаров, яке аз масъулини ин кастинг 13 ноябр ба “Озодагон” гуфт, онҳо аллакай афроди мавриди таваҷҷуҳи худро интихоб карда ва омодаи банаворгирии клип ҳастанд: “Сабти клип 14 ва 15 ноябр дар пойтахти Тоҷикистон сурат мегирад”.
Матни “Дидори ту хуш” ба қалами шоир Варқа Охониёзов таалуқ дорад. Оқои Охониёзов ба “Озодагон” гуфт, ин шеърро ду ҳафтаи қабл навиштааст: “Онро махсус барои Парвиз навиштам. Як оҳангро барои мо фиристоданд, ки хеле замонавӣ буд ва фикр кардем, мутобиқ ба он матне нависем, ки содда набошад ва ҳамзамон мураккаб ҳам”.
Қарор аст Парвиз Назаров 15 ноябр дар як тарабхонаи Душанбе низ консерт бидиҳад.
Парвиз Назаров, яке аз пайвандони Далер Назаров, аз маъруфтарин сарояндаҳои тоҷик аст. Ӯ соли 1971 дар шаҳри Маскав таваллуд шуда, дар Душанбе ба воя расидааст. Соли 1987 гуруҳи “Адвокат” ва соли 1989 гуруҳи “Парвин”-ро таъсис дод. Аз соли 1993 то имрӯз дар Қазоқистон кору зиндагӣ мекунад.
“Чарх бизан”, “Оре-Оре”, “Снег”, “Беги”, “Еду на юг” аз маъруфтарин сурудҳои парвиз Назарованд.
Таронаи “Оре-оре”, ки Парвиз ҳамроҳ бо хоҳараш-Ситора Назарова дар яке аз барномаҳои шабакаи аввали телевизиони Русия иҷро мекунанд Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |