Боздошти раиси “Тоҷикагролизинг” барои сӯиистифода аз мансаб
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Аскар Шарифов, собиқ раиси “Тоҷикагролизинг” хабар дод, ки дар сӯиистифода аз мақом муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, Аскар Шарифов, сокини 38-солаи ноҳияи Исфара, собиқ сардори “Тоҷикагролизинг” моҳи январи соли равон бо сӯиистифода аз мансабаш, дидаю дониста, барои 1 адад трактори тамғаи “Тоҷирон”, ки ба корхонаи мазкур барои истифода дода шудааст, ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ омода карда, аз худ намудааст.
Манбаъ мегӯяд, Шарифов дар пайи тайёр намудани асноди тақаллубӣ тракторро ба шаҳрванди Қирғизистон, Одилов Абдувосит, соли таваллудаш 1970 ба маблағи 15 000 доллари амрикоӣ фурӯхта, маблағи онро ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Ба иттилои манбаъ нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |