Аслов аз рушди бемайлони ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Ҷопон хабар дод
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Кентаро Соноура, муовини парлумонии вазири умури хориҷии Ҷопон вохӯрдааст. Тавре аз дафтари матбуоти ВУХ-и кишвар хабар доданд, дидори Аслов бо Соноура 12 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо дар ин мулоқот, аз “рушди бемайлони робитаҳо ва сатҳи баланди эътимоду шарикӣ миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, дурнамои густариши робитаҳои Тоҷикистону Ҷопон дар соҳаҳои мухталиф ва роҳҳои фаъолсозии хамкориҳои байнисоҳавӣ ва тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд”.
Кумакҳои Ҷопон дар татбиқи лоиҳаҳои рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва нақши он дар тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ аз сӯи вазири умури хориҷии кишвар баланд арзёбӣ шудааст. Инчунин вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо муовини парлумонии вазири умури хориҷии Ҷопон ба бархе масоили мубрами минтақавӣ, аз ҷумла таъмини рушди босуботи Осиёи Марказӣ, вазъи Афғонистон ва расонидани кумакҳои минбаъда барои эҳёи иқтисодиёти ин кишвар дахл кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |