Бахшҳо

Wikipedia: Дар Самарқанд 70% тоҷику 10% узбак буданд (ВИДЕО)

Донишномаи бузурги интернетии ҷаҳон, Wikipedia рӯйхати аҳолии шаҳри Самарқанд дар соли 1897-ро нашр намудааст, ки узбакҳо дар он камтар аз 10 фоизро ташкил додаанд. Сомонаи донишнома, ки дар қатори 5 сомонаи сербинандатарини ҷаҳон аст, иттилоъ медиҳад, ки аҳолии Самарқандро тибқи ҳисоби 1897 ҳудуди 70 фоиз тоҷикон ташкил медоданд:

“Соли 1897 дар шаҳри Самарқанд, ки ҳамсоли Рим аст, 55 ҳазору 128 нафар зиндагӣ мекарданд, ки аз рӯи забони модарӣ теъдодашон чунин тақсимбандӣ гардидааст. 36 ҳазору 845 нафар тоҷикҳо, русу белорусу украинҳо-8 393 нафар, узбакҳо 5 506 нафар, яҳудҳо-1169 нафар, полякҳо-1072 нафар, форсҳо-866 нафар, олмониҳо-330 нафар ва сортҳо-287 нафарро ташкил медоданд.”

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои манбаъ ба ҳисоби аввали соли 2014 дар ин шаҳр 509 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд, ки аксарашон чун узбак сабт шудаанд.

Кумитаи омори Узбакистон мегӯяд, теъдоди умумии сокинони ин кишвар аввали соли 2013 аз ҳадди 30 миллион нафар гуфташтааст, ки аз ин ҳисоб ҳамагӣ 1 миллиону 350 ҳазор нафарашонро тоҷикон ташкил медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол гарчанде бисёре аз тоҷикон дар Узбакистон расман ҳамчун узбак сабт шудаанд, бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд ва эҷод мекунанд. Шаҳрҳои қадимии тоҷикон-Самарқанду Бухоро бо вуҷуди он, ки беш аз як қарн аз марзи маъмурии Тоҷикистон берунанд, мардуми кишвар ҳанӯз ҳам ҳаваси бозпас гардондани ин шаҳрҳоро ба тоҷикон доранд.


Суруди сарояндаи маъруф, Роҳила Улмасова дар бораи Самарқанд:

Мӯҳр
Тоҷик
Ҳайати муҳтарами Озодагон, ин хидмати хирсонаи Шумо ба миллати тоҷик аст. Бовар кунед, баъди ин хабари Шумо ин факти таърихиро ӯзбакҳо дар Википедиа иваз карда, тоҷикҳоро 10% мекунанд.
Дар ёдатон нарафта бошад, ки нисбат ба шаҳри Самарқанд, ки шаҳри тоҷикон навишта шуда буд, чунин карда будед.
Барои як хабар, ки аз кайке ҳам болотар ба пазише намеарзад, пӯстини зарандудиро оташ назанед.
Бачаҳои азизи Озодагон, мефаҳмем, ки ин хабарро ҳеч гоҳ бо нияти баде намедиҳед, аммо камтар андешаманд ҳам бояд буд.
Бо умеди рушди беинтиҳои миллати тоҷик!

5
Ба фикрам Хучандро ба Узбакистон баргардонида бухорову Самаркандро бозпас гирифтанд даркор аст.

то инкилоби октябр дар Самарканду Бухорои ман се миллатро меписандиданд,, ин бухори самарканди ва хисори, дигаронро ба точику узбаку киргизу хоказо чудо мекарданд. ва Холо низ самаркандию бухорихо инро дар ниходашон хаст.ва Самарканду Бухоро танхо аз онхост.

Мехр
Точикони дар Точикистони имруза аз кабили Точиконе хастанд, ки аз Точикистони асл дур ва дар кисмати ночизи Точикистон зиндаги мекунанд.

Тоҷикистонӣ
Ба Самарқандӣ: Самарқандӣ будани Шумо зери шубҳа аст, чун маҳалу миллатро фарқ намекунед.

ба точикистони:ин факт рост аст, онро аз адабиети кллассик фахмидан мумкин аст, барои ин ба адабиети классик ру оред ва тасдики самаркандиро меебед.

Шохин
Мехр,Комилан дуруст гуфтед, бародар!

Ба самарканди
дар Самарканд точик хуроки узбакро намехурад дар Россия бо бисёраш нишасту хез доштем ту самарканди нести хеч точики самарканд бо узбак дар як чо хурок намехурад агар хурад факат дар холати масти мехурад ё аз ноилочи

Мухаммад
Хамаги дуо кунем то Худованд ин ва дигар шахрхоямонро пас гардонад

5
Холо хам чунин хаст лекин эътироф намекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)