Бахшҳо

Эътирози Зуҳуров аз "гурез"-и вазири молия: Ақаллан занг занад!

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ҳозир нашудани Абдусалом Қурбонов, вазири молияи кишвар дар ҷаласаҳои парлумонии марбут ба ин ниҳод шадидан ибрози нигаронӣ карда, аз ӯ хост, ба ҷаласаи навбатӣ хуб омодагӣ бинад.

Зуҳуров рӯзи 12 ноябр дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумони кишвар аз Меҳринамоҳ Ҷомаҳмадова, муовини вазири молияи кишвар хост, дар ҷаласаҳои навбатӣ худи вазир шахсан ҳузур дошта бошад. Раиси палатаи поёнии парлумони кишвар изҳор дошт, агар вазир ҷое рафтаасту бо коре банд бошад, бояд барои наомаданаш ба ҷаласаҳо аз раиси Маҷлис иҷоза бигирад: “Минбаъд ҳар масъалае, ки инҷо мешавад, шахсан ҳузур дошта бошанд. Агар ягон вазъият ё ҳолате бошад занг зада, аз раиси маҷлис иҷоза пурсанд ва гӯянд, ки дар фалонҷо ҳастам”.

Ба қавли Зуҳуров, муовинони вазирҳое ҳастанд, ки барои ҳалли аксар масъалаҳо пурра омодаанд, вале ҳузури худи вазир дар бархе масоили дигар ҳатмӣ аст, чун танҳо ӯ метавонад, ба пурсишҳои эшон посух гӯяд. Шукурҷон Зуҳуров гуфт, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳафтаи оянда масоили марбут ба буҷаи давлатии кишварро баррасӣ мекунад ва Абдусалом Қурбонов ҳатман бояд дар он иштирок кунад: “Ба вазир расонед, ки омодагӣ бинанд ва саволҳое, ки ҳоло шуданд, боз бисёр мешаванд, барои ҳамин омода бошанд”.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Мехри
Парлумони давлати демократи бояд хамитур бошад. Чунки дар ончо такдири миллатро хал мекунанд.

Ин вазири мухтарам молия чист ва тарзи бояду шояди вазоратро холо сарфахм нарафтааст чунки вай сохтмончи аст аз ин вазир бояд нархи хишту цементро пурсон шавему бас пули мардумро оборот доданро нагз мефахмад лекин

Dev
In Abdusalom Kurbonovash mardaki hub nabudaj ku , padarash haj mi?

Ба Сафар. Вазири молия марди кор аст ва то чое ман медонам барои у мухим на соати кориву мачлисбози, балки натича аст. ман бовар дорам, ки самараи кори у дар ин вазорати калиди ояндаи наздик чун оина рушан мешавад. Ва шумо бародари азиз, андешаатонро нисбати ин шахс тагйир хохед дод. Вакт довар аст!

Абдусалом Курбоновро гоибона хамчун инсони хуб ва реалист мешиносам. Бар падараш рахмат.

Даврон
Ба Мухиддин! Мачлисбозии гуфтагиат ба маъсулиятхои хар як вазир медарояд. Хар як вазир бояд дар парлумон дар вактхои муайан хисобот диханд. Ба шумо осонтар шавад, иштироки вазир ин як ВАЗИФАИ вазир аст! Вале агар вазир ба саволхои вакилон чавоб дода натонад, ин факат айби вакил аст на ягон каси дигар. Агар вазир аз сохаи худаш бохабар набошад ва ба саволхо чавоб дода натавонад, пас хайфи вазири шавад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)