Бахшҳо

Пешниҳод: Дарси “Асосҳои Ислом” дар мактабҳо барқарор шавад

Атохон ҒАНИЕВ

Илм нур аст ва бедонишӣ зулмат. Одами бедониш монанди нобиноест, ки аксар вақт ба асову дастгирии шахси дигар ниёз дорад. Аммо на ҳамеша асо пайдосту на ҳар шахси дастгир боадлу инсоф аст. Ва ё одами нодон ҳаммонанди кӯдакест, ки бо гирифтани як бозичаи ночиз шод мегардад, вале чун аз дасташ гавҳари қимматбаҳо ситонӣ, эътирозе надорад.


Таҳлилҳо нишон медиҳад, аксари ҷавононе ки ба равияҳои гуногуни иртиҷоъию тундгароӣ пайваст шудаанд, дар собиқ дониши казоӣ ва тарбияи хуби оилавӣ нагирифтаанд. Ҳам мувофиқи таълимоти Ислом ва ҳам дар асоси талаботи қонунҳои мавҷудаи Тоҷикистон, ба ҳар шахс зарур аст, барои гирифтани дониш саъю талош кунад. Аммо бар асари беназоратии падару модарон, набудани низоми хуби таълим дар бисёр мактабҳо ва аз бепарвоию хунукназарии худи наврасону ҷавонон, ҳоло сафи шахсони бесаводу бетарбия дар ҷомеъаи мо рӯ ба афзоиш дорад.

Бемуҳобот метавон гуфт, аз ҳар хатаре ки ба ҷомеъаи мо таҳдид мекунад, аз бесаводӣ хатарноктар нест ва омили асосии аксари гирифториҳо - нодонию камшуурии мардуми мост. Яке аз сабабҳое, ки ҷавононро сӯи ҳаракатҳои ба ном "исломӣ", вале дар асл зиддиисломӣ, аз қабили "Давлати исломӣ" ё "ДИИШ", Ҳаракати исломии Узбекистон ва ғайра такон медиҳад ва гӯё "муҳаббат"-у кушиши "хизмат" кардани эшон ба ислом аст, низ аз бесаводии ин тоифа мебошад. Аммо дар асл чӣ хизмати хирсонае аст, ту асли исломро намедониву барои ҳимояти мусалмонон бармехезӣ. Ҷои пӯшида нест, ки дар солҳои Шӯравӣ гирифтани таълими исломӣ ҷиноят ҳисоб меёфт ва мактабҳои расмии омӯзиши Ислом дар аксари минтақаҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд надошт. Аз ин рӯ, пас аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон, мардум чун як ташнаи солҳо рӯйи обро надида, худро сӯи дарёфти дониши динӣ заданд. Аммо, бо таассуф бояд гуфт, монанди замони муосир, дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта низ, теъдоди олимони соҳаи дин, ки аз тамоми аҳкому аркони Ислом баҳраи комил дошта бошанд, хеле кам буд. Ва ин лаҳзаро ғанимат шуморида, ҳар касе ки "алиф"-ро аз "бе" дуруст ҷудо карда наметавонист, ба майдон омад ва даъвои муаллимию мураббигӣ кард. Аммо на ҳар кас, ки қалам ба даст гирифту бар лавҳ навишт, тариқи муаллимию тарбиятгарӣ донад. Табиист, шогирди шахси бесавод низ ҳеҷ гоҳ босавод нахоҳад шуд, агар умре пеши чунин "омӯзгор" дарс бихонад...

Ҳукумат низ замоне барои саводи ҳақиқии динӣ гирифтани ҷавонон, кушише намуда, дар чанд минтақаҳои Тоҷикистон муассисаҳои таълимии динӣ ташкил кард. Вале баъд аз чанд соли фаъолият бо сабабҳои объективию субъективӣ ин муассисаҳо яке паси дигаре баста шуданд. Дарсҳое бо номи "Асосҳои дин" дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ҷорӣ гардиданд, аммо аз сабаби набудани барномаи хуби таълимӣ ва аз ҳама асосӣ-набудани мутахассисони соҳибтаҷриба ин дарсҳо низ натиҷа надоданд ва аз байн рафтанд. Ба андешаи банда, то замоне ки дар мактабҳои Тоҷикистон таълими ягонаи "Асосҳои ислом" ҷорӣ карда нашавад, пеши роҳи бесаводии ҷавонону наврасон ва аз ҳама муҳим бинобар надоштани саводи кофии динӣ, ба ҳаракатҳои иртиҷоъӣ ва тундгароӣ пайваст шудани онҳоро гирифтан душвор аст.

Бинобар ин пешниҳод дорам:
1.Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломӣ, Вазорати маориф, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуханифа, Пажуҳишгоҳи рушди маориф дар якҷоягӣ барномаи таълимии "Асосҳои Ислом" (ё бо ягон номи дигар) дар мактабҳои Тоҷикистон ҷорӣ кунанд;

2. Барои он ки мушкили пайдо кардани маблағ, мутахассисони соҳибтаҷриба, ба ҳар тамоюл гардонидани дарсҳо пайдо нашавад, дарси "Асосҳои Ислом"-ро бо усули интерактивӣ-видеоӣ ташкил карда шавад. Яъне, бо ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба ва донишманди Маркази исломӣ, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва гимназияи Донишкадаи исломӣ дарсҳо дар ҳудуди 45 дақиқа ба шакли видео сабт гардад. Дарсҳоро метавон дар яке аз синфхонаҳои гимназияи Донишкадаи исломӣ бо иштироки хонандагони ин муассисаи таълимӣ гузаронид.

Таърихи Ислом, пешвоёни он, ақида ва риояи маросимҳои динӣ- мувофиқи мазҳаби ҳанафӣ, метавонад аз мавзӯъҳои дарсҳо бошад. Вале вақти таҳияи барномаи таълимӣ барои дарсҳо ба ҳисоб гирифтани синну соли хонандагони мактабҳо таъсири дарсҳоро афзунтар хоҳад кард. Ҳар як дарс пас аз гузаштани ташхиси давлатии диншиносӣ, дар DVD-дискҳо сабт ва нусхабардорӣ шуда, аз ҷониби Вазорати маориф паҳн гардад. Ва дар навбати худ дар мактабҳо ҳафтае як ё ду маротиба дарсҳои "Асосҳои Ислом" метавонад ҷорӣ карда шавад. Тарзи ташкили ин дарс душвор набуда, балки роҳбари ҳар синф метавонад масъули ташкили ин дарсҳо бошад. Фақат як синфхонаи муайянро бо таҷҳизоти махсус барои пахши ин дарсҳо муҷаҳҳаз сохтан лозим меояд.

Боқӣ аз масъулияту муаллимону таваҷҷуҳи донишомӯзон вобаста аст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
аҳмадчон
бисер пешниҳоди хуб ман ҳам тарафдори ҳамин пешниҳод ҳастам ман бовари дорам ки тамоми мардуми ин таклифро кабул мекунанд

Бисёр пешниходхои хубу аммо дар боло кадрхое нишастаанд ки намехоханд гуш диханд шуморо бо таври худашон кадрхои сохибтачрибаву босавод хастанд.....

Мехр
Ин икдоми хубест, дар сурати амали гаштанаш. Чунки барномаи маълумоти дини ба хама якхел пешниход ва муаррифи мегардад. Нисбати оне ки аз дахони хар кас- ба хар рангу тобиш.

Бисёр пешниҳоди хуб. Агар боз дарсҳои исломи аз омухтани Қуръон бештар мешуд ва ло ақал имтиҳон аз Қуръони карим барои хатмкунандагони мактаб монда мешуд дигар ҷавонон ба ҳар гуруҳам намерафтанд ва тарбияи хуби ахлоқи мегирифтанд. Аммо афсус ки ин ба ҷуз орзу чизи дигаре нест.

Мусулмони асил
Беҳтарин пешниҳод ва беҳтарин гуфтаниҳо. Ҳақиқатан ҳам мардуми мо аз бесаводии динӣ ба ҳар гуна гурӯҳҳои номатлуб шомил мешаванд ва нимчамуллоҳо аз ин истифода бурда мардумро фиреб медиҳанд. Агар мардуми мо саводи кофии динӣ медошт ҳеҷ маҳал аъзои ҲНИТ намешуд, зеро Ҳнит ин ҳизби сиёсӣ аст ва ба дини мубини ИСЛОМ ҳеҷ иртиботе надорад. Магар ОЛЛОҲ ба ин ё он ҳизби сиёсӣ ниёз дорад, на ҳеҷ гоҳ. Ислом ба зоти худ надорад айбе, Ҳар айбе, ки аст дар мусулмонии мо. Ҳар айбе, ки аст дар бесаводии динии мо.

Чомеа 100% ба чунин пешниход ниёз дорад. БЕХТАРИН

Амонулло
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)