Абдунабӣ Сатторзода: “Ба осори Ҷомӣ назари шашҷиҳата дошта бошем”
Шоми дирӯз, 13 ноябр дар толори “Ҳафт авранг”-и сафорати Ҷумҳурии исломии Афғонистон маҳфили бузургдошт аз 600-умин солрӯзи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор шуд.
Дар ин маҳфил чеҳраҳои фарҳангии тоҷик шоир Мӯъмин Қаноат, адабиётшинос Абдунабӣ Сатторзода, раиси Донишгоҳи омӯзгорӣ Абдуҷаббор Раҳмонов иштирок доштанд. Раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ низ аз ҷумлаи ҳозирин буданд.
Абдулғафори Орзӯ, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон аснои суханронӣ изҳор дошт, “ин маҳфил, маҳфили ишқу фарҳанг ҳаст”. Сафир ба бузургии Абдурраҳмони Ҷомӣ пардохту гуфт, мисли Ҷомӣ камтар шахсияте дар ҳавзаи таърихӣ, фарҳанг ва тамадунии худ дорем: “Оне ки накӯкори иҷтимоист, оне ки пажӯҳишгари арсаи динист, оне ки дар арсаи исломшиносӣ шохис аст, оне ки дар арсаи ирфони амалӣ ва назарӣ бегумон шахсияти баландқомат аст. Ҳамаи ин шохисҳо нишондиҳандаи он аст, ки Ҷомӣ бузург аст”.
Абдунабӣ Сатторзода, адабиётшинос ва муаллифи асари “Афкори адабӣ ва эстетикии Абдураҳмони Ҷомӣ” таъкид кард, Ҷомӣ шоири олим ҳаст: “Вақте ки мехоҳем шеъри Ҷомиро баррасӣ кунем наметавонем фақат аз нигоҳи шоир ё олим ва ё ориф буданаш ба ӯ баҳо бидиҳем. Мо бояд, ба истилоҳи устод Мӯъмин Қаноат, ба осори Ҷомӣ назари шашҷиҳата ва куллӣ дошта бошем. Мутаасифона онҳое, ки бо осори Ҷомӣ сару кор доштанд ё танҳо аз назари шоир буданаш ё ин ки фақат аз нигоҳи ориф буданаш ва ё олим буданаш баҳо доданд. Аз ин сабаб меъёр, ки яктараф шуд бардоштҳо ҳам ба аслу моҳияту ҷавҳари Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ мувофиқат накарданд”.
Ғазали Абдураҳмони Ҷомӣ дар қироати Ягона Аҳмадӣ, як хабарнигори эронии муқими Тоҷикистон
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |