Рубл қиммат шуд, доллар қимматтар
Дар бархе нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе қурби як доллари амрикоӣ аз 5,38 якбора то ба 5,45 сомонӣ боло рафтааст. Дар ҳамин ҳол қурби 1000 рубли русӣ 5 сомонӣ гарон шуда, аз 112 сомонии чанд рӯзи охир ба 117 расидааст.
Карим як тоҷир аз шаҳри Душанбе мегӯяд, рӯзи гузашта дар нуқтаҳои саррофии пойтахт 1$-и амрикоӣ бар ивази 5,45 сомонӣ фурӯхта шуд. "Аммо қурби рубли русӣ, ки чанд рӯзи охир рӯ ба коҳиш дошт, 5 сомонӣ зиёд шуд". Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори маркази Душанбе, имрӯз, 13-уми ноябр қурби доллар 540 ва қурби 1000 рубл 116 сомониро ташкил медод.
Ин дар ҳолест, ки ҳамагӣ як моҳи пеш қурби доллар ҳудуди 510-515 сомониро ташкил медод. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |