Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бегоҳии дирӯз, 12 ноябр бо Кентаро Соноура, муовини вазири умури хориҷии Ҷопон мулоқот кардааст.
Дафтари матбуотии президенти ҷумҳурӣ мегӯяд, дар ин дидор "масоили вобаста ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар баррасӣ шуд". Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳ ва мазмуни муносиботи ду кишвар баҳои баланд дода, изҳор доштааст, “Тоҷикистон ҷонибдори тавсиаи робитаҳои гуногуни ҳамкорӣ бо Япония мебошад”.
Бо изҳори қадрдонӣ аз дастгириҳои Япония ба рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон зикр гардидааст, "тайи зиёда аз 20 сол бо кумаки ин давлати дӯст дар кишвари мо беш аз 300 лоиҳаи иҷтимоӣ амалӣ шудааст. Як зумра лоиҳаҳои дигар дар ҳоли амалишавӣ қарор доранд ва соли равон боз ду созишномаи грантии дигар барои таъмини ноҳияи Панҷ бо оби нӯшокӣ ва беҳсозии фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе ба имзо расидаанд".
Дафтари матбуотии райисҷумҳур меафзояд, изҳори бовар карда шуд, оянда дар баробари кумакрасонӣ ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ба ҳарду ҷониб судманд ҳам тавсиа меёбанд.
Мӯҳр