Бахшҳо
12 ноя 2014 15:49Тоҷикистон / Акс / Тема дня

(АКСУ ВИДЕО) Маҷруҳи таркиши НФС: Садои мудҳиш буд

Алишер ЗАРИФӢ

Вазъи яке аз панҷ захмии таркиши нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ вазнин арзёбӣ мешавад.


Таркише, ки 8 ноябр дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҷамоати шаҳраки Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ рух дод, то имрӯз чор кушта бар ҷой гузошт ва панҷ каси дигар дар беморхона бистариянд. Се нафар дар беморхонаи марказии Рӯдакӣ, як тан дар Қарияи Боло ва яке дар беморхонаи клиникии шаҳрии №3 табобат мегиранд.

Табибони беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ саломатии як захмии ин таркишро вахим хонда, ҳолати ду тани дигарро беҳтар мегӯянд. Абдулвоҳид Насриддинов, мудири шӯъбаи эҳёи ин беморхона чоршанбеи 12 ноябр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, вазъи саломатии Диловар Пиромшоев, яке аз захмиёни таркиш хеле вазнин буда, барои табобати ӯ аз тамоми имконот истифода мекунанд. Ба гуфтаи оқои Насриддинов, Диловар Пиромшоев асосан аз сараш сахт осеб дида ва бо гузашти чаҳор рӯз ҳолаташ беҳтар нашудааст: “Сарашро ҷарроҳӣ кардем, ҳоло беҳад вазнин аст. Мутахассисони дигарро даъват кардем, муоина карданд. Акнун вақт лозим аст”.



Одинамаҳмад Одинамаҳмадови 50-сола яке аз захмиёни дигари таркиш, ки ҳамчунин дар беморхонаи марказии Рӯдакӣ бистарӣ аст, гуфт, ҳолаташ дар қиёс ба рӯзҳои пеш беҳтар шудааст. Ӯ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, рӯзи ин ҳодиса ҳамроҳи писари нуҳсолааш – Зарулшоҳ буд, ки ҳоло дар Қарияи Боло бистарӣ мебошад. Одинамаҳмадов гуфт, 8 ноябр барои ба мошинашон пур кардани сӯзишвории газ ба НФС рафтанд. Ӯ мегӯяд, ҳангоми наздик шудан ба нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ он ҷо чанд мошини дигар будааст: “Вақте ба даромадгоҳи нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ наздик шудам, он ҷо як “Лексус”-у як “Опел” буд. Баъдан як мошини “ВАЗ-06” омад. Ман болотар мошинро нигоҳ доштаму хостам калидро гирифта назди фурӯшанда биравам. Аммо калид ба осонӣ берун нашуд, ҳамин лаҳза садои мудҳише баланд шуд. Дигар чизеро ба ёд надорам”.



Ҷаноби Одинамаҳмадов дар натиҷаи ин таркиш бештар аз чеҳра, қафаси сина, як даст ва як пояш захм бардоштааст. Аммо писари нуҳсолаи ӯ аз чашмам осеб бардоштааст. Табибони Қарияи Боло ба “Озодагон” ҳолати Зарулшоҳи нуҳсоларо хуб арзёбӣ карданд. Давлатёр Сайфиддинов, табибе, ки Зарулшоҳро муолиҷа мекунад, иброз дошт, дар пайи таркиш ӯ аз чашми росташ захм бардоштааст: “Сафедаи чашмаш кафидааст, чашми чапаш низ каме захм бардоштааст”.

Абдуллои Сайфулло аз захмиёни дигари таркиш, ки дар беморхонаи Рӯдакӣ қарор дорад, гуфт, таркиш аз мошини “Лексус” ба амал омадааст. Ӯ мегӯяд, тақрибан 30 метр дуртар аз макони ҳодиса қарор дошт ва танҳо бо ин сабаб ҷароҳаташ сабуктар аст: “Қабурғаҳоям каме захм бардошт, нисбат ба рӯзҳои пеш вазъам ҳоло беҳтар аст”.

Таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ қабл аз зуҳри 8 ноябр дар рустои Истиқлол-1-и ҷамоати шаҳраки Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ рух дод. Ба иттилои расида, се нафар бо шумули ду мард ва як зан дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, як тани дигар бегоҳии 9 ноябр ҷон дод. Хуршед, Қурбонов, корманди ёрии таъҷилӣ, ки аз аввалинҳо шуда, 8 ноябр ба маҳалли ҳодиса омадааст, ба “Озодагон” гуфта буд, таркиш ба ҳадде шадид будааст, ки узвҳои бадани қурбониён ба ҳар сӯ пош хурдаанд. Вазорати умури дохилӣ бо нашри як шарҳи кутоҳ дар рӯзи ҳодиса дар торнамои худ сабаби таркишро “риоя накардани техникаи бехатарӣ дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ” гуфт.


АКСУ ВИДЕО АЗ МАҲАЛЛИ ҲОДИСА ИНҶОСТ

(АКСУ ВИДЕО) Маҷруҳи таркиши НФС: Садои мудҳиш буд

Одинамаҳмад Одинамаҳмадов


(АКСУ ВИДЕО) Маҷруҳи таркиши НФС: Садои мудҳиш буд

Абдуллои Сайфулло


(АКСУ ВИДЕО) Маҷруҳи таркиши НФС: Садои мудҳиш буд

Диловар Пиромшоев


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Худованди бузург ба ин бародарон шифои комил ато кунад!!!
Ба пайвандони курбониёни ин фалокати мудхиш хамдарди изхор менамоям ва аз даргохи офаридгор сабри чамил таманно дорам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)