Боздиди Раҳмон аз корхонаи парандапарварӣ ва баҳои баландаш ба он
Эмомалӣ Раҳмон, райиси ҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи боздид аз ноҳияи Ёвон аз корхонаи парандапарварӣ дар ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳия дидан кард ва ба фаъолияти он расман оғоз бахшид.
Дафтари матбуотии сарвари давлат мегӯяд, ин корхона, ки Беҳамто ном дорад, иқтидори тавлиди 1800 тонна гӯшти мурғ дар як солро дорад ва аз ҷониби соҳибкор Нуриддин Нуралиев бунёд ёфтааст. “Корхона аз 7 мурғхонаи парвариши чӯҷаҳои гӯштӣ, биноҳои чӯҷабарорӣ, кушторгоҳ, яхдон ва дигар иншооти ёридиҳанда иборат аст. Дар як вақт дар 7 мурғхонаи он 245 ҳазор чӯҷа парвариш ёфта, давоми 40 рӯз ба ҳисоби миёна 1,2 кг вазн мегиранд ва барои пешниҳод ба бозор омода мешавад. Ба ин тартиб давоми сол дар ин ҷо зиёда аз 1 миллиону 700 ҳазор мурғи гӯштӣ омода мешавад, ки баробар ба 1800 тонна гӯшти парҳезии паранда аст”,-хабар медиҳад манбаъ.
Дафтари матбуотии президент мегӯяд, ҳадафи асосии ташаббускорони бунёди ин корхона ва масъулини соҳа дар марҳилаи аввал бо гӯшти мурғи хушсифати ватанӣ таъмин намудани ҷумҳурӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои корӣ барои аҳолии маҳаллӣ мебошад. Дар марҳилаи дуюм онҳо содироти гӯшти парандаро ба хориҷи кишвар ва ҳам коркарди саноатии онро ба роҳ монданианд. Барои ин ҳаҷми истеҳсоли солонаи гӯшти парандаро онҳо ба зиёда аз 4000 тонна расонда, ҳамчунин бунёди корхонаи истеҳсоли ҳасиб ва дигар маҳсулоти саноатии ин соҳаро дар назар доранд. “Ҳоло дар яке аз мурғхонаҳои ин корхона наздики 25 ҳазор чӯҷа парвариш меёбад, ки аз хориҷи кишвар ворид карда шудаанд. Минбаъд чӯҷаҳои гӯштӣ барои ин корхона дар инкубатори худи онҳо бароварда мешаванд. Инкубатори корхона аз 3 камера иборат буда, дар як вақт дар онҳо 350 дона тухм хобонда мешавад ва пас аз 21 рӯз аз онҳо чӯҷаҳо мебароянд. Иқтидори инкубатори ин корхона барои таъмини ҳамаи корхонаҳои имрӯзаи парвариши мурғи гӯштӣ дар ҷумҳурӣ басандагӣ мекунад. Ин иқтидор ҳамчунин барои минбаъд афзун намудани шумораи мурғхонаҳо ва истеҳсоли маҳсулот дар худи ҳамин корхона пешбинӣ шудааст. Дар ин корхона ҳоло 130 нафар, ки бештари онҳо занону духтарони маҳаллианд, бо кори доимӣ ва маоши миёнаи 1700 сомонӣ таъмин мешаванд. Оянда бо афзун шудани ҳаҷми истеҳсолот шумораи коргарон ба зиёда аз 300 нафар расонда мешавад”.
Эмомалӣ Раҳмон ба ибтикори соҳибкорони ватанӣ баҳои баланд дода, изҳори бовар намудааст, онҳо дар ояндаи наздик натанҳо бозори Тоҷикистонро ба даст меоранд, балки дар хориҷи кишвар низ харидорони зиёд пайдо мекунанд: “Беҳамто номгузорӣ шудани корхона ҳам бесабаб нест, зеро ин нахустин чунин корхонаи инноватсионии парандапарварӣ дар Тоҷикистон буда, бо навтарин технологияи аврупоӣ муҷаҳҳаз шудааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |