ВИДЕО: Аз хизматрасониҳои тиббӣ қаноатманд ҳастед?
Легатум, як пажуҳишгоҳи аврупоӣ, ки дар Лондон мақар дорад, ҳафтаи сипаришуда гузориши солонаи “Шохиси шукуфоӣ 2014” (Prosperity Index 2014)-ашро нашр кард. Тоҷикистон дар ин раддабандӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар зинаи аз ҳама охир қарор дорад. Ин марказ соҳаи хизматрасонии тиббӣ дар Тоҷикистонро аз ҳама паст хондааст. Зимнан, хабарнигори “Озодагон” аз сокинони пойтахт пурсид, хизматрасониҳои тиббӣ онҳоро қаноатманд месозад?
Посухҳо гуногун буданд. Бештари ҳамсуҳбатони мо гуфтанд, шеваи хизматрасонии тиббӣ дар Тоҷикистон мутобиқи меъёрҳои асри 21 нест. Гуруҳе аз кам будани беморхона, ҳуҷраҳои хоб ва табибон гила карданд. Нафароне ҳам ба шиносбозиву порагирӣ ишора карданд, ки ба гуфтаи онҳо “як кори маъмулӣ” шудааст. Назарпурсиро инҷо тамошо кунед ва Шумо ҳам андешаи худро бинависед.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |