Ин ибодатгоҳ, ки дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷойгир асту бо номи масҷиди Сари Осиё маъруф аст, бар асоси бархе ривоятҳо таърихи 200 сола дорад. Домуло Маъруф Раҳимов, имом-хатиби масҷиди Сари Осиё мегӯяд, ибодатгоҳи мазкур то омадани ҳокимияти Шӯравӣ се маротиба таъмир дида, ҳоло барои бори панҷум дар тарҳи нав бозсозӣ шудааст: “Вақте қисмати шарқу ҷануби онро барои бунёди масҷиди нав вайрон мекардем, меҳроби он дар се зина бунёд ёфта буд, ин аз он далолат мекунад, ки то аҳди Шӯравӣ cе маротиба таъмир дидааст. Қисматҳои дигари масҷид, ки ба он пайвастанд, замони баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ бунёд шудаанд”.
Имом-хатиби масҷиди Сари Осиё мегӯяд, тарҳи нави масҷид аз ҷониби шаҳрдори пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев соли 2012 тасдиқ гардида, 19 майи ҳамон сол масҷиди қадима бардошта ва то аввалҳои соли 2014 сохтмони масҷиди нав ба итмом расид: “Ин яке аз аввалин масҷидҳои замонавие мебошад, ки дар тарҳи нави шаҳрдорӣ дохил шуда, дар сохтмони умумии он изофа гардид”. ДОМУЛО МАЪРУФ ДАР БОРАИ СОХТМОНИ МАСҶИДИ САРИ ОСИЁ
Масҷиди Сари Осиё аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, ҳамаи ошёнаҳо бо тарҳу ранги хосса кандакорӣ ва оро ёфтаанд. Ба гуфти Домуло Маъруф танҳо дар бинои асосии он дар як вақт то панҷ ҳазор нафар метавонанд намоз гузоранд.
Имом-хатиби масҷиди Сари Осиё мегӯяд, сохтмони масҷид бо кумаки мардум анҷом ёфтааст: “Корҳои сохтмонӣ бештар тавассути ҳашар сурат гирифтанд. Махсусан дар кандани масҷиди қадима ҳамарӯза наздики 80-100 нафар иштирок мекард. Тамоми масолеҳи сохтмонӣ бо маблағи саховатмандону хайрхоҳон харидорӣ шуд. Бо ҷалби устоҳои чирадаст аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ва Узбакистон тавонистем дар як муддати кутоҳ масҷидро ба тарзи замонавӣ бунёд созем”. САЙРЕ БА МАСҶИДИ ҶОМЕИ САРИ ОСИЁ