Як қадами “Хайр” то нишони нуқраи чемпионати Тоҷикистон
Тими “Хайр”-и Ваҳдат дар даври 17-уми чемпионати Тоҷикистон “Равшан”-и Кӯлобро шикаст дод ва шонсашро барои дарёфти медали нуқраи мусобиқот зиёдтар намуд.
Дидори “Хайр” ва “Равшан” дар варзишгоҳи марказии Кӯлоб баргузор шуд ва бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи меҳмонон поён ёфт. Ду голи дастаи Ваҳдатро легионери ганагӣ Андох Наполеон зад. Муаллифи голи “Равшан” Муҳаммадҷони Ҳасан буд. Барои ба нишони нуқраи чемпионати Тоҷикистон соҳиб шудан, “Хайр”-ро зарур аст, дар даври ниҳойӣ дар майдони худ ССКА “Помир”-и Душанберо мағлуб созад.
Натиҷаҳои ду бозии дигари даври 17-ум чунин аст: ССКА “Помир” – “Вахш”- 4:3 ва “Парвоз” – “Энергетик”- 3:0. Ду бозии дигари ин давр, имрӯз 12 ноябр баргузор мешавад. “Хуҷанд”, ки ҳамчунон шонси дарёфти медали нуқраро дорад, дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” бо “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода қувва меозмояд. Дар бозии дигар “Истиқлол” дар варзишгоҳи марказии Душанбе бо “Далерон Уротеппа”-и Истаравшан рақобат хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |