“Беодобӣ”-и Путин нисбат ба зани раисиҷумҳури Чин (ВИДЕО)
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия шоми 10-уми ноябр, вақте Син Ҷинпин, раисиҷумҳури Чин машғули суҳбат бо ҳамтои амрикоияш, Барак Обама будааст, ба нияти гарм кардани ҳамсари Син Ҷинпин ӯро ба рӯймол печондааст, ки тибқи арзишҳои чинӣ беодобии бузург аст.
Ин ҳолат шоми 10-уми ноябр, вақте иштирокдорони ҳамоиши "Ҳамкории иқтисодии Осиё ва уқёнуси Ором" ё худ АТЭС барои тамошои оташбозӣ ба варзишгоҳи олимпии Пекин ҷамъ омада буданд, сурат гирифтааст. Расонаҳо менависанд, ҳаво шоми 10-уми ноябр дар Пекин салқин буд ва Путин ҳамсари Син Ҷинпинро бо рӯймол печонд. Аммо ҳамсари раисиҷумҳури Чин ҳамагӣ баъди чанд лаҳза рӯймолро гирифта, либоси ғафсро аз дасти муҳофиз гирифта ба бар намуд.
Ин ғамхории Путин аз рӯи фаҳмишу арзишҳои чинӣ як беодобӣ маҳсуб меёбад, зеро тибқи анъанаҳои чинӣ марди бегона дар ягон ҳолат ҳаққи расидан ба занро надорад.
Телевизионҳои марказии давлатии Чин ин ҳолатро ба навор гирифта, чанд бор намоиш додаанд, аммо баъди нороҳатии мансабдорони воломақоми чинӣ наворро пурра ҳазф намудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |