Роҳбандӣ дар Султони Кабир то охири сол ҳал мешавад: Навбати 82 кай?
Мушкили роҳбандӣ ва танбаи мошинҳо, ки дар роҳҳои назди бозори Султони Кабир як зуҳуроти маъмулӣ шудааст, то охири соли 2014 ҳал хоҳад шуд.
Раёсати сохтмон ва бозсозии роҳу пулҳои шаҳри Душанбе мегӯяд, барои ҳалли ин мушкилӣ тасмим гирифтаанд, пули бузурги назди бозори Султони Кабирро пеш аз муҳлат, то охирҳои соли равон ба истифода диҳанд. Дар ҳоле, ки ба иттилои манбаъ расман муҳлати анҷоми бозсозии ин пул моҳи майи соли 2015 мебошад.
Ин ваъдаи мақомот дар ҳолест, ки сокинони Душанбе аз мушкили роҳбандӣ дар маҳаллаи 82-юм шикоят мекунанд, ки одатан шомгоҳон дар роҳҳои назди чорраҳаи 82-юм тай намудани ҳамагӣ 100 метр беш аз ним соат вақт мегирад ва нозирони роҳ низ саривақт ҳозир намешаванд, то ҳаракати танбаи нақлиётро танзим кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |