Бахшҳо

ВИДЕО: Суҳбати ошкорои Убайдуллоев: Аз ишқи Раҳмон то ҳушдор ба мухолифон

Дар шабакаи интернет навори 10 дақиқаинаи суҳбати ошкорои Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон бо муҳоҷирони тоҷик дар Маскав нашр шудааст, ки аз меҳри раисиҷумҳур нисбат ба давлат то ба забонбозиҳои мухолифону хандахариши тоҷиконро фаро гирифтааст.

Убайдуллоев, ки ахиран дар садри як ҳайати волоқмақоми давлатии Тоҷикистон дар Маскав қарор дошт, дар оғози суҳбат бо зикри ашъори бузургони адабиёти тоҷик муҳоҷиринро ба муттаҳидӣ ва эҳтироми миллатҳои дигар даъват намуд: “Сарфи назар аз минтақа бояд бо ҳам бародар бошем, вагарна боиси хандахариши дигарону таги пои онҳо мемонем, ки мегӯянд, инҳо ҳатто бо якдигар забон намеёбанд. Баробари ин бобоёни мо гуфтаанд, ки шаҳри якчашма рафтӣ, якчашма шудан даркор. Аз дигарон худамонро боло нагирем ва мо ҳам ҳеч вақт намегузорем, ки моро паст зананд.”

Раиси Маҷлиси Миллӣ илова намуд, ки дар мулоқот бо мақомдорони Русия низ таъкид намудааст, ки ягон давлат ҳаққи фармонравоӣ болои дигар давлатро надорад: “Мо дуруст фаҳмондем, ки мо дар як давлат будем, агар мо камбудӣ дошта бошем, камбудии шумо низ ҳаст. Аз як нигоҳ раҳмат гуфтан даркор, агар Русия набошад чӣ? Куҷо меравем ягонтои мо на Арабистони Саудӣ ва на ба ягон давлати дигар рафтан наметавонем.”

Ӯ дар идома муҳоҷиратро як раванди маъмулӣ дар ҷаҳон хонда, илова намуд, ки “ягон давлати абарқудрати дунё наметавонад ҳамаи шарвандонашро ба ҷойи корӣ, ба шароит мувофиқ таъмин намояд. Ин хел давлат нест. Бинед, ки дар Душанбеи мо амрикоӣ ҳам, бритониёӣ, хитоӣ ҳам омада кор кардааст. Сад шукри Худо, ки имрӯз тоҷикони мо дар тамоми дунё кору фаъолият мекунанд, фарзандонамон мехонанд. Мо аввал бояд, ки Худоро шукр кунем.”

Инчунин Убайдуллоев ба масъалаи мухолифини ҳукумати Тоҷикистон дахолат карда, афзуд, ки мухолифин гуфтанӣ гап нест дар кишвар ва даъват намуд, ки ба забондарозию забонбозии бархе афрод дода нашаванд: “Он нафароне, ки Тоҷикистонро танқид мекунанд, нону намаки Тоҷикистон онҳоро кур мекунад. Ягон қувва ба умед нашавад, ки сулҳу оромии ҷомеаи моро халалдор месозад, ки ҷаноби олӣ ва мо ду-се нафар аз рӯзи аввал барои он кӯшиш кардем. Мо ҳам метавонистем мисли шумо соҳибкор шавему рузи худро мегузарондем. Фарзандонамро медонед, ки ҳамаашон магистр, номзади илм, рӯзашонро мегузаронанд.”

Убайдуллоев таъкид намуд, ки зимомдорони феълӣ дар Тоҷикистон аз даруни обу оташ гузаштаанд ва ҳокимиятро ба роҳҳои ғайриқонунӣ намедиҳанд. Ӯ ҳушдор дод, ки мо намегузорем, ягон қувва бо роҳи ғайриконститутсионӣ ҳокимиятро ғасб кунад, хобашро равад дар об гӯяд, то рӯзе, ки мо ҳастем: “Касе хоҳиши ҳокимиятро дорад равад, ҳизб ташкил кунад, мардум интихоб кард, ошаш шавад. Мо аз даруни обу оташ гузаштаем, ҳамаи мо Тоҷикистонро дуст медорем ва ҳамаи мо бо ин миллат зиндаем ва Худованд насиб гардонад баҳри Тоҷикистон то рӯзе ҳастем хизмат мекунем, зеро назоратчии ҳар инсон баъд аз Худо, худи ӯ ва имону қалби ӯст.”

Убайдуллоев илова намуд, ки дар ягон давлат баъд аз Худо, ягон кас аз роҳбари давлат дида, давлаташро зиёд дуст намедорад: “Шахсан роҳбари давлат ва ҳукумати Тоҷикистон тамоми чораҳоро барои беҳбуди зиндагӣ дар Тоҷикистон андешида истодааст. Мо бузургем, барои он, ки Худо дорем, мо соҳибдавлатем, камбудӣ ҳам дорем, бекамбудӣ кист? Ман боз ҳам таъкид мекунам, роҳбарияти имрӯза тамоми талошашро барои беҳбудии ҷомеаи имрӯза равона мекунад.”

Дар ниҳоят раиси Маҷлиси Миллӣ бо зикри гуфтаи бузургон-“Даст ба кору дил ба ёр, Ёр кист? Парвардигор!” аз ҳозирин даъват намуд, ки “ҳамеша дар забонатон номи Оллоҳ бошад, такя ба Худо кунед, ба ҳама чиз мерасед.”




Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ин хел гузориши бемаъниро яон бор нахонадм это ужас просто

Мехр
Убайдуллоев - кахрамони миллати точик. Ошу нони миллат халолат бод, кор карда метавони.

Анна гап да кучо бдас барои чи хафтаи дароз ин мардаки хуб омада бисёр корхоро анчом доду ягон тв точик нишон надод.ба хама малум ки кахрамон якаву ягонааст ин ЧО аст......хамин бечора танхо тарифи ЧО кардаст ку ...бахили аз даст наравад мардуми Дангара.
озодагон чоп кунед озод боши ту хам..

Шери нар кандота бизан ба и суханохои бехтарин. Кош хамаи рохбарони мо хамихели бо мухочиро сухбати ру ба ру кунанд аз холу ахволашон бохабар бошанд. Доимо бо ёди Аллох бошед бародарон,,,,

Ачиб ку то вакте хастем ба мардум хизмат мееунем яне мо вакте хастем вазифара хичкада наметем. Ватандустиро танхо дар сари вазифа будан медонед

Ситора
Ин Раиси Мачлиси Миллии Мухтарам Махмадсаид Убайдулоев шарм накарда мегуяд ки Хизб ташкил кунед Бечораи Зайд Саид Хизб ташкил карда Хизбаш номнавис нашуда 26 сол хукм гирифт Агар Хизбаш номнавис мешуд ба фикрам Якумра хабс мешуд

гап гап гап ГАПХОИ БЕХУДА Мухолифин нест. Касе ки мукобили шумо хукуматдорон ган ки зад шумо уро кунчи зиндон мекунанд. на бо рохи контитутциони ва на бо рохи демократи. Хазор гап зани бехудааст.

мухоҷир
Фарзандои шумо имкони моливу моддӣ дора, дар беҳтарин донишгоҳҳои дунё таҳсил карда, магистру доктор мешавад, мо муҳоҷиро чӣ, якумаш дар мактабои бепечка, сард, дар як стол чоркасӣ нишаста мехондем, дуюмаш муаллимо ҳама аз кор рафтанд ва дар кади каридор хондем, мо чи кор кунем? Мо шароит надорем, ки дар донишгохи дохил хонем хол он ки донишгохи хориҷӣ. Агар русия набошад тоҷикистон ҳаст, Тоҷикистон меравем, магар Русия ватани мо аст, ки 9 моҳ дар русия мегардему 3 моҳ ба тоҷикистон экскурсия мерм? Ягон давлат пурра ба кор таъмин намекна, вале дар кадом давлат дидед, ки 80 фоиз кувваи корӣ ва 25 фоизи кулли ахоли дар мухоҷират ба сар баранд? Ба ҷуз чанд кишвари фақири африқои ки он ҳам ба ин дараҷа нест. Баъд олмонихову амрикоихову хатто афгонҳо дар тоҷикистон мардикори намекунанд, касб доранд, пули хуб кор мекунанд. мухоҷирои точик чи? аксараш кучарубу аробакаш. Ё инашам гунохи худи мардум? шараф,

Нурулло
Убайдуллоев ахсан бехтарин суханхоро гуфт .

Асадулло
Ахсан ба Шумо мухтарам Махмадсаид Убайдуллоев барои суханхоят, ки гуфти “ҳамеша дар забонатон номи Оллоҳ бошад, такя ба Худо кунед, ба ҳама чиз мерасед.” Иншолох.

Демагогия!!!!
Мегуяд, хизб ташкил кунеду дар интихобот баранда шавед. Зайд Саидов хизб ташкил кард, дидем холаш чи шуд. Кувваи Давлатов хизб ташкил кард, мурд рафту хизбашро сабти ном накардед. Дар интихоботхо хам мебинем, ки чи таккалубкорихо мекунед ва номзадхои ХХДТ-ро баранда мекунед.

Мегуяд, "ягон давлати абарқудрати дунё наметавонад ҳамаи шарвандонашро ба ҷойи корӣ, ба шароит мувофиқ таъмин намояд". Вале намегуяд, танхо Точикистон аст, ки худуди 50 дар сади неруи кориаш дар мухочират аст, Точикистон аз назари маблаги вориднамудаи мухолчирон дар чойи аввал аст.
Номи Худо дар забон бандагони худоро набояд фиреб дод.
Сафсатта! Сафсатта, ки бо он танхо аблахонро метавон фиреб дод!

55
Сиесат мадори хуб асту лекин 80%-и кувваи кори мухочир аст ин вазнин аст ку?Хай ага 10-20%бошад хеч гап нест лекин 80 ин бисер аст.

Саламшо
Мухтарам Раиси Шахр Махмасаид Убайдулоев Сабаб дар чист ки Шумо 15 сол шидааст Курсиатро ба Хеч кас намедихед Чунки Фарзандони Шумо аз паси Курсии Шумо сохиби Вазифа шидаанд Як бор мардак шавед Вазифаатро ба ягон мардуми Хучанд ё мардуми Помир дихед бад Ахволатро мебинам бади 2ё3 мох чи мешавад мардак шавед

Мухтарам М Убайдулоев Шуморо Шахси коргару доно мегуянд Лекин мо ягон бор на доногии Шуморо дидем на коргариатонро Аз хама Хубаш 2ё3 сол дам гиред Ку бинем Боз М Кабири Чи кор мекунад

Сафар
Рост Мегуи Акаи Саламшо Ин Раиси Мачлиси Оли Мухтарам М Убайдулоев Чояш аз Чойхонаву Нонаш аз Нонбойхона мебошад Барои Хамин мардакворе гап мезанад

Сайф
Бехтарин чаноби Раис!!
Бисёр суханхои оли!! Хар сухане, ки номи зебои АЛЛОХ дар он аст албатта ба дил чой меёбад! Худо нигахбонатон!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)