Боздошти як қочоқчии афғон дар Ишкошим
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин аз ҷилавгирии интиқоли 5 кило ҳашиш ба қаламрави кишвар хабар медиҳанд.
Аз дафтари матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар иттилоъ доданд, ки дар пайи амалиёти муштараки ин ниҳод бо Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин як шаҳрванди 20-солаи Афғонистон боздошт шудааст. Манбаъ мегӯяд, дар рафати ин амалиёт, ки дар ҳудуди деҳаи Андароби ноҳияи Ишкошим сурат гирифт, як халтаи полиэтиленӣ бо шумули “12-адад маводи китобшакли ҷигариранг бо бӯйи махсус” дарёфт ва мусодира шудааст: “Бар асоси ташхиси судӣ маводи мусодирашуда навъи ҳашиш буда, вазни он 5 килоро ташкил медиҳад”.
Агентии назорати маводи нашъаовар дар шарҳи ин хабар меафзояд, ҳоло алайҳи ин шаҳрванди Афғонистон бо моддаҳои 335 қ.2., 289 қ.2 ва 200 қ.3 (ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатӣ, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. “Гуруҳи тафтишотӣ-оперативии агентӣ барои муайян кардани ҳамдастони қочоқчии афғон дар Тоҷикистон чораҳои зарурӣ меандешанд”,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |