Талоши “Хома” барои ҳалли буҳрони кадрии ВАО-и тоҷик
Нахустин барномаи таълимӣ оид ба дизайни телевизионии “Хома” дар Тоҷикистон рӯзи 10 ноябр ба кори худ шурӯъ кард. Ин барнома аз ду марҳала иборат буда, дар он кормандони телевизион ва донишҷӯёни факултаҳои дизайни мактабҳои олии Тоҷикистон ҷалб шудаанд.
Даври аввали барномаи таълимии мазкур то 14 ноябри соли равон идома ёфта, дар ин марҳала ба иштирокдорон барномаҳои махсуси компютерӣ омӯзонида мешаванд, ки тариқи онҳо сохтани саҳнаи вертуалӣ, декоратсия ва “муқова”-и барномаҳои телевизионӣ осон мегардад. Инчунин дар ин раванд рассомон, аккосон, наворбардорону коргардонони ботаҷриба бо иштирокдорон кор карда, ба онҳо нозукиҳои кори телевизион, истифода ва танзими дурусти наворҳо, сохтани эскизи декоратсияҳои телевизионӣ, фарқи тобиши ранг ва рӯшаниро меомӯзонанд. “Дар барномаи таълимӣ кор бо барномаҳои Adobe AfterEffects, 3ds Max ва Adobe Photoshop дар назар аст”,-гуфтанд аз ин ташкилоти ҷамъиятӣ.
Ба қавли ташаббускорони барнома, дар даври дуюми он , ки рӯзҳои 24 то 28 ноябр баргузор мешавад, бо ҷалби тренерҳои хориҷӣ ба иштирокчиён аз графикаи телевизионӣ, ороиши саҳна ва брендинги шабакаи телевизионӣ дарс гуфта мешавад. Ҳамзамон дар доираи ин барнома аз худ намудани технологияи муосири телевизионӣ, лоиҳакашӣ, такмили малакаи кор бо дизайни графикӣ ва корҳои амалӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Даври омӯзиширо Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” бо дастгирии Институти “Ҷамъияти кушода” - Бунёди мадад дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Маркази рушди маълумоти журналистӣ” амалӣ хоҳад кард, ки ҳадафи асосиаш ҳалли мушкилоти норасоии кадрҳо дар соҳаи ВАО-и ватанӣ мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |