Бахшҳо

Муфтӣ: Дар як оила се мазҳаб - яке шиа, дигар ғайри муқаллид ва севум - ҳанафӣ

Абдулғанӣ АБДУЛВАҲҲОБ

Сайидмукаррам Абдулқодирзода -- раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суҳбати кӯтоҳ ба чанд суоли хабарнигори “Озодагон” дар бораи ифротгароии ҷавонони тоҷик посух дод. Суоли нахустин аз оқои Абдулқодирзода ин буд, ки масъалаи ифтротгароии ҷавонон, воқеан, то чӣ ҳад нигаронкунанда аст?


Абдулқодирзода: “Дар миёни ҷавонон ифротгароӣ афзоиш ёфта, онҳо масир ва тамаддуни миллию ноби худро аз даст дода истодаанд. Ифротгароӣ дар миёни ҷавонон то ҳадде расидааст, ки дар хонавода байни бародарон суитафоҳум пеш омадааст. Дар як оила се бародар яке - шиа, дигар - ғайри муқаллид ва севум - ҳанафӣ ҳамдигарро дар масоили эътиқодӣ қабул карда наметавонанд ва гоҳе кори онҳо ба низоу ҷидол мунҷар мешавад”.

Озодагон: Тақрибан ҳар ҳафта дар намозҳои ҷумъа дар масоҷид аз гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо сухан меравад. Фикр мекунед, танҳо бо ҳарф мешавад пеши роҳи ин мушкилро гирифт?

Абдулқодирзода: “Роҳи пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо танҳо вазифаи имом-хатибон нест, балки ҳар касе ақли солим дорад, набояд дар ин самт бетараф бошад. Аммо имом-хатибон ҳамин қадар тавоноӣ доранд, ки дар рӯзҳои ҷумъа аз минбарҳои масоҷид зарарҳо ва оқибатҳои бади онро баён намоянд. Шӯрои уламои Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ миёни ҷавонон дар ҳар ҷаласаи худ ба имом-хатибон ва имомони масоҷиди панҷвақта тавсия медиҳад, ки дар суханрониҳои худ ҷавононро ба пайравӣ аз мазҳаби ҳанафӣ тарғиб намоянд. Дар ин маврид Раёсати фатвои Маркази исломӣ низ фатво содир намудааст”.

Озодагон: Баъзеҳо пешниҳод доранд, барои ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ ҳукмҳои сангин эълон шавад, то барои мардум дарси ибрат гардад. Бархеи дигар мегӯянд, роҳи ҳал минбар додан ба рӯҳониёнест, ки ҳоло имом нестанд, вале дар гузашта дар масоҷид имоматӣ мекарданду аз обрӯву нуфуз ҳам бархӯрдор буданд. Фикри Шумо чист?

Абдулқодирзода: “Фикри мо ин аст, ки барои ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ тибқи қонунҳои ҷиноӣ ҳукм содир шавад. Роҳи ҳалли ин мушкил минбар додан ба рӯҳониёи мазкур нест, зеро агар минбар додан роҳи ҳал мебуд, чунонки баён кардед, пас чаро ифротгароӣ дар аҳди онҳо оғоз ёфт?”

Озодагон: Бубинед, Шумо дар бораи маҳкумият сухан гуфтед. Вале дар даҳ соли ахир даҳҳо ҷавонони тоҷик ба ҷурми узвият дар ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ё мамнӯи динӣ равонаи зиндон шуданд. Бо ин вуҷуд ҳар рӯз хабарҳо аз афзоиши ифротгароӣ миёни ҷавонон ба гӯш мерасад. Далелаш чист? Мардум аз маҳкумиятҳо наметарсанд ва ё ҳанӯз дар бораи ин созмонҳо иттилое надоранду надониста дар домашон меуфтанд?

Абдулқодирзода: “Далели асосии афзоиши ифротгароӣ миёни ҷавонон ин аст, ки заминаи динию фарҳангии онҳо кам буда, захираи илмӣ надоранд ва аз ин сабаб ҳақиқатро аз хурофот ташхис дода наметавонанд. Ҷавонони моро ба саффи гуруҳҳои ифротӣ бештар маблағи бедарди миён ва таассуроти ақидаи ғайримазҳабӣ мебарад”.

Озодагон: Бархе дар масъалаи ифротгароии ҷавонон мегӯянд, онҳо бештар дар Русия ба чунин созмонҳо гаравидаанд. Оё Шумо дар Русия бо муҳоҷирон ҳам суҳбат доштед ва дар ин маврид чӣ назар доред?

Абдулқодирзода: “Аъзои Шӯрои уламо, хусусан Раиси Маркази исломӣ дар сафари кории худ ба Русия бо муҳоҷирони тоҷик суҳбатҳо ва вохӯриҳо намуда, муҳоҷирони ҷавони тоҷикро аз шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳо ҳушдор доданд ва таъкид намуданд, ки дар эътиқод дар мавқеи мазҳаби ҳанафӣ устувор бошанд”.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ин муфти "ШИА"-ро чун мазхаб эътироф карда бошад?

Мехр
Фикр менм, ки сабаби асосии гаравидани чавононро ба дигар мазхабу чараёнхо ва чилавгирии ифротгароиро на дар масчидхо чуст. Чунки мардуми намозгузори масчидхо факат 10-15 дакикаро дар тоату ибодат мегузаронад. Боки хама аз масчид шитобон беруншуда, пушти зиндагии дуняви мераванд. Аввалан камбудиро дар барномахои Вазорати маориф ва фарханг чуст. Барои чи барномахои таълими чавононро ба вокейяти илми ва тарзи хаёти солим хавасманд карда наметавонанд. Вакте ки магзхои чавонон дар талаби чамъи ахбор хастанд ва мо талаботи онхоро конеъ нагардонида, касбу хунари ба талабот замон чавобгу омухта наметавонем, ва ин сабаби офзоши бекори ва саргардонии чавонон мегардад. Дар натича ташаббусро гуруххои ифротгаро ба даст гирифта, аз фазои озод суйистифода менамоянд. Махсусан дар кучаву бозорхо.

Муфтии "мухтарам" бо сухани "Роҳи ҳалли ин мушкил минбар додан ба рӯҳониёи мазкур нест, зеро агар минбар додан роҳи ҳал мебуд, чунонки баён кардед, пас чаро ифротгароӣ дар аҳди онҳо оғоз ёфт?” гуфтаниед, ки ифротгарои дар Точикистон пайдо шуда ба чахон пахн шудааст?

.
Чаноби муфти,

Хар кас дар кабули мазхаб озод аст.

Барои чи дар Эрон шиаю сунни аралаш зиндаги мекунанд, аммо дар Точикистон не? Дар Точикистон ягон махал хаст, ки мардумаш шиатабор бошад? Исмоилияро дар назар надорам, исмоилия хаст, медонам. Шиаи мисли Эронро дар назар дорам. Ягон кас медонад?

лвлалалал
САЛОМ ОЗОДАГОН: Агар хукумат дар хакикат хостори амнияти Точикитон бошад Хакикати Исломро бояд дар телевезион пешкаши мардум кунад Имруз чавонон дини исломро як дини акибмонда мепиндоранд.Бояд хукумати феълии Точикисто нодуруст будани ин акидаи чавоноро ба онхо фахмонад Ман як шахрванди одии давлат пешниход мекунам ки инсохое дар минбар ба одамон вазъ гуянд ки дониши мукаммали дини ва дуняви дошта бошанду ба хама равияхои дини Ислом эхтиром гузоранд навобаста ба оне ки шиъа аст ё сунни. Чанге ки имруз дар давлати Сурия аст чанги шиъа ва сунни нест балки чанги манфиатдорони Амрико бар зидди исломиёни хакики аст. АЗ ЭРОНЕ КИ ДУНЁИ ГАРБРО БА ЛАРЗА ДАРОВАРДААС БОЯД ИБРАТГИ ГИРФТ.

афсус ки чавонони хозира мазхабе ки авлодонашон садсолахо дошта омадаанд, имруз бошад барои доллари амрикои ин ганчи авлодиро фурухта дар рохи хак рахгуманд, дар мо сектахои салафияю шиаю ваххобияю ва гайра майдаю ночизхо набуд.сад афсус

Ба ҳизбҳо шомил шуданро сарқонуни асосии ҶТ кафолат дода аст....Муфти манъ кунад...пас мардум кадомашро қабул кунанд ?

Сайф
Абдулқодирзода: “Далели асосии афзоиши ифротгароӣ миёни ҷавонон ин аст, ки заминаи динию фарҳангии онҳо кам буда, захираи илмӣ надоранд ва аз ин сабаб ҳақиқатро аз хурофот ташхис дода наметавонанд. Ҷавонони моро ба саффи гуруҳҳои ифротӣ бештар маблағи бедарди миён ва таассуроти ақидаи ғайримазҳабӣ мебарад”.-
Бале муфтии мухтарам, пас барои баланд бардоштани савияи донишу фарханги дини чи бояд кард??..Нагуфтед-ку?? магар ин вазифаи Шумо нест7?... омузиши Исломро аз мактаб сар кардан даркор.!

Абдулқодирзода: “Далели асосии афзоиши ифротгароӣ миёни ҷавонон ин аст, ки заминаи динию фарҳангии онҳо кам буда, захираи илмӣ надоранд ва аз ин сабаб ҳақиқатро аз хурофот ташхис дода наметавонанд".
Бехтарин чавоб. Ба ин ки гунахкор аст, ки заминаи динию фархангиро хукумат аз байн бардошта истодааст? Рохи ягонаи начот ба кор даровардани мадрасахои дини аст, ки аз тарафи Кумитаи зидди динии Точикистонбаста шуд ва таълимоти Имосми Аъзам расман катъ гардид.

1)Чаноби муфти дар намозхои чумъа факад таърифи шоху раис мекунед. 2) шумо эмом хатибон рафтори мазхаби ханафиро надоред.3)Чаро дар мактабхо дарс чори намекунед тибки мазхаби ханафи.4) бо фатвои шурои уламо мулохову мадорисхоро манъ кардед. Ба инаш чавонон гунахгору ифротгар?

Фархор
И Чавонои навичоки мо Намедонан Суни -Шофеъи-Хамбали-Молики-Шиа Чист.
Ба Худо касам намедонан.Китобхои инхоро намехонан.
Барои Хамин Ихтилоф байни Суни ва Шиа меандозан
Дар холеки инхо баякдигар бародар хастанд.
Чавонои мо кисми зиёдашон акидашон Салафи аст.ана ин
Мушкилии мусалмонхо хаст.

абдулло
чаноби муфти аз руи инсоф озодиро бихон чанкадар тарафдор дори

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)