Маҳмудҷон РАҲМАТОВ
Хушунати “модар-янга” баъди вафоти “падар-амак” Насиба Қурбоноваи ҷавонро қариб аз ҳамсар ва падару модари воқеияш маҳрум кардааст. Насибаро, ки ҳоло 24-сола аст, вақте 8 моҳ дошт, амаки бефарзандаш - Шералӣ Қурбонов аз бародараш Абдусалом гирифт, то ба воя расонаду дар айёми пирӣ дастгиру мададгори ӯ шавад. Ҳамин тавр Насиба дар хонаи амакаш бузург шуда, ба шавҳар мебарояд. Бо пешниҳод ва васияти падар (амак), шавҳари ӯро ба хонадомодӣ қабул мекунанд, то сарпаноҳи хонадон бошад. Баъди вафоти “падар-амак” муносибати “модар – янга”, ки аз хӯрди ӯро ба воя расонида буд, якбора тағйир мехӯрад.
“Вақте ман ба дунё меоям, амакам аз сабаби надоштани фарзанд маро ба тарбияи худ мегиранд. То 18-солагӣ намедонистам, ки падари аслии ман на Шералӣ, балки Абдусалом аст. Вақте ин қиссаро шунидам, ҳатто аз падару модари аслии худ рӯй гардонидам. То вақти зинда будани амакам дар лабонам ханда буд, аммо имрӯз сад афсус, ки модарам ба суханҳои хоҳаронаш гӯш дода, маро доим ранҷ медиҳад. Мехоҳад, хонаро холӣ кунам. Акнун падару модари асилам низ маро дидан намехоҳанд. Ҳар рӯз аз хешовандони “модар – янга”-ам суханҳои қабеҳ мешунавам. Шавҳарам дар муқобили онҳо истодагарӣ карда натавонист ва ба хонаи модараш рафт”,- мегӯяд бо алам Насиба.
Насиба дар идома гуфт, ки сабаби ин ҳама озори ӯ манзили амакаш аст: “Маро худашон ба шавҳар доданд ва шавҳарамро ба хонадомодӣ қабул карданд. Ҳатто гуфтанд, ки дар дами пириямон нигаҳбони болои сарамон ту бо шавҳарат мешавӣ. Акнун падар вафот кард, модар бошад маро дар нимароҳ партофта, рафтанист. Ҳатто падару модари асили худро тарк кардам, имрӯз бошад, чӣ суханҳоеро нашунидам. Ҳоло бо ду кӯдак дар нимароҳ мондам, дигар надонистам чи кор кунам. Бо маслиҳати ҳамдеҳагон ба суд муроҷиат кардам, то аз ин хушунат раҳо ёбам ва хонаро низ аз дастам нагиранд”.
Зимнан, коршиносон ба хушунат гирифтор шудани баъзе аз занҳоро дар тақсимоти молу мулк арзёбӣ мекунанд. Муҳаммад Сироҷов, коршиноси соҳаи ҳифзи ҳуқуқ сабаби ба чунин ҳолат гирифтор шудани занҳоро дар надонистани ҳуқуқҳои онҳо медонад: “Аслан занҳое ба хушунат гирифтор мешаванд, ки мактаби миёнаро ба пуррагӣ нахондаанд ва аз ҳуқуқҳои худ дифоъ карда наметавонанд. Аз ин ҳолат истифода карда, аъзои хонавода онҳоро дашном медиҳанд, мезананд ва ҳатто аз хона пеш мекунанд. Тибқи мушоҳидаҳо бештари хушунатҳо барои молу мулк сар мезанад. Дар ҳолате, ки зан ҳуқуқи хешро донанд, ҳеч гоҳ ба хушунат гирифтор намешавад”.
Қаҳрамони мо низ аз шумори занҳоест, ки то синфи 9 таҳсил кардааст. Баъди хатми мактаби миёнаи нопурра ба кори хонадон ва деҳқонӣ машғул шуда, аз таҳсил дур мондааст. Ҳамдеҳагони Насиба дар суҳбат тасдиқ карданд, ки баъди вафоти амакаш муносибати янга нисбати ӯ дигар шуд.
Меҳмоншоҳ, як ҳамдеҳаи Насиба мегӯяд: “ин ҳама бадбахтӣ баъди вафоти акаи Шералӣ ба сари Насиба омад. То замони зинда будани амакаш ҳамроҳи шавҳараш дар ҳамин хонадон зиндагӣ мекард. Ҳозир бошад, ҳар рӯз ҷангу ҷанҷол аст. Шавҳараш ба хонаи падару модари худаш рафт. Насиба танҳо аст”.
Баъди ба суд муроҷиат кардани Насиба “модар – янга” ӯро зиёд азият намедиҳад. Шавҳари қаҳрамони мо, ки нахост номаш ифшо шавад, зимни суҳбат ба мо гуфт: “Хушдоманам таҳдид мекард, то аз хона бароем. Бо хешовандонаш омада ману занамро суханҳои қабеҳ мегуфтанд. Маҷбур шудам, хонаро тарк кунам. Ҷойе надоштам, ки зану кӯдаконамро ҳам бубарам. Вақте ҳамсарам ба суд муроҷиат кард, камтар азобаш медиҳанд”.Шавҳари Насиба мегӯяд, ӯро маҷбур кардаанд, то аз занаш ҷудо шавад ва рафта аз пайи зиндагии худ шавад: “Аммо ман ба гапи онҳо накардам. Зеро ду фарзанди дустрӯ доштам, баъди ман онҳоро ки нигоҳу бин мекард?”.
Дар минтақаи Кӯлоб ин аввалин ҳодисае нест, ки духтарон зери озору шиканҷаи модархонд қарор мегиранд. Соли равон дар ноҳияи Фархор як духтари ҷавон суханҳои таҳқиромези модари “угай”-и худро тоқат накарда, худкӯшӣ кард. Насиба ҳам қабл аз муроҷиат ба суд чанд бор қасди худкушӣ кардааст, то аз хушунати “модар – янга” раҳо ёбад, аммо ҳар навбат фикри ояндаи фарзандон ӯро аз ин роҳ мегардонд.