Узбакистон мубориза алайҳи эболаро пурзур мекунад
Ҳукумати Узбакистон ба Вазорати умури хориҷа ва ширкати “Узбектуризм” дастур додааст, бо мақсади ҷилавгирӣ ва паҳншавии вируси эбола рафтуомадро ба кишварҳои мубталои ин вирус мутавақиф кунанд.
Ширкти “Узбектуризм” аз қавли Созмони ҷаҳонии беҳдошт навиштааст, бемории эбола дар Амрико, Канада, Бритониё, Испания ва Олмон ба қайд гирифта шудааст. Дар гузориш омадааст, эҳтимоли паҳн шудани ин вирус дар Русия, Белорусия, Молдов, Австралия ва Ҷопон низ вуҷуд дорад.
Ба иттилои “Узбектуризм” ин ширкат дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ дар ҳоли таҳия кардани роҳнамои мубориза бо эбола ҳастанд.
Зимнан, тибқи гузориши Созмони ҷаҳонии беҳдошт теъдоди умумии қурбониёни эбола ба 4818 расидааст. Бештари фавткардаҳо аз кишварҳои Гвинея, Либерия ва Серра-Леоне будаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |