Сафорат: Тирпаронии тоҷикон барои сигор сар задааст (ВИДЕО)
Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар пайи суҳбат бо ҷабрдидагони тирпаронии шаби 8-уми ноябр эълон кардааст, ки ба қавли ҷабрдидагон ин муноқиша барои сигор сар задааст.
Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба “Озодагон” гуфт, масъулини сафорат баъди суҳбат бо маҷруҳон ба сафири тоҷик дар Русия Имомуддин Сатторов гузориш додаанд: “Ҷабрдидагон, ки асосан зодагони ноҳияи Роштқалъаи Бадахшонанд, гуфтаанд, ки дар назди метрои Каховка истода будаанд, ки афроди ношинос аз онҳо сигор пурсидаанд. Ҷабрдидагон посух додаанд, ки надоранд, зеро сигоркаш нестанд. Дар натиҷа ин шахсони ношинос бо баҳонаи он, ки “чӣ шумоён варзишгаред, ки сигор намекашед"- гуён муноқишаро ба миён овардаанд, ки бо тирпаронӣ анҷомидааст.”
Ба гуфтаи маҷруҳон суҳбат аввал бо забони русӣ сурат гирифтааст ва танҳо дар лаҳзаи тирпаронӣ маълум шудааст, ки ҷониби дигар низ шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.
Сафорат мегӯяд, шахсияти се тан аз шаҳрвандони маҷруҳшудаи Тоҷикистонро муайян кардаанд, ки сокинони ноҳияи Роштқалъа - Амбаров Лашкарбек Хушбоевич, Янимшоев Ким Меҳроншоевич ва Рустамов Мунис мебошанд: “Амбарову Янимшоев дар бемористони рақами 7-уми Маскав ва Рустамов Мунис дар бахши ҷарроҳии Бемористони Склифасовский бистариянд. Аҳволи саломатии онҳо миёна аст ва феълан хавфе ба ҳаёташон таҳдид намекунад.”
Муҳаммад Эгамзод афзуд, ки ҷузъиёти бештару дақиқро дар бораи ин қазия фардо муфаттишони шуъбаи умури дохилии Каховка ба сафорат пешниҳод хоҳанд кард.
Қаблан Мақомоти пулиси Маскав хабар дод, ки бар асари тирпаронии шаби 8 ба 9-уми ноябр дар назди метрои “Каховская” 4 шаҳрванди Тоҷикистон, ки зодаи Бадахшонанд, ҷароҳат бардоштаанд ва феълан вазъи як нафараш-Мунис Рустамов вазнин арзёбӣ мешавад.
Тибқи иттилои расонаҳои Русия маҷруҳшудагон, ки асосан зодагони ноҳияи Роштқалъа мебошанд, аз шикам ва дасту пой ҷароҳат бардошта, аз 20 то 34 сол доранд. Дар қатори маҷруҳшудагон Рустамов Мунис, 30 сол, Каримов Азим-20 сол, Лашкарбек Амбаров- 34 сол ва Худобердиев Карими 30-сола ном бурда шуданд: “Рустамов Мунис аз шикам ва дигарон аз дасту пой тир хурдаанд.” Дар пайи тирпаронии тоҷикҳо инчунин мошинҳо ва биноҳои дар он наздикӣ низ зарар дидаанд. Пулиси Маскав аз рӯи авбошӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз намудааст, ки тафтишоти он идома дорад.
ВИДЕОИ расонаҳои Русия аз ҷои ҳодиса
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |