Бахшҳо

Номаи Кабирӣ ба раиси Дастгоҳ баъди хомӯшии Убайдуллоев

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо ирсоли як нома аз Бахтиёр Худоёрзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар барои баргузории анҷумани ҳизбаш толор хостааст.

Дар номаи раиси ҲНИТ ба раҳбари Датсгоҳи иҷроии президент гуфта шудааст, ин ҳизб барои баргузории анҷумани қаблазинтихоботии худ ба толоре ниёз дорад, ки ҳадди ақал тавони ҷой кардани 700 нафарро дошта бошад. Кабирӣ инчунин аз моддаи 15-и қонуни Тоҷикистон “Дар бораи аҳзоби сиёсӣ” ёдоварӣ кардааст, ки таъмини имкониятҳои баробар ба аҳзоби сиёсӣ ҷиҳати баргузории маъракаҳои интихоботиро таъкид мекунад.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи раиси ҲНИТ рӯзи 10 ноябр дар шарҳи ин хабар ба “Озодагон” гуфт, номаи Муҳиддин Кабирӣ ба раиси Дастгоҳи президент замоне ирсол гардид, ки чунин нома қаблан ба Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдорӣ Душанбе навишта шуда буд. Ба қавли сухангӯи раиси ҲНИТ, ин ҳизб дар таърихи 30 сентябри соли ҷорӣ бо навиштани номае аз Убайдуллоев барои пайдо кардани толор кумак хост, вале бо гузашти беш аз як моҳ посухеро нагирифтааст.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш беш аз 40 ҳазор узв дорад ва қарор аст, 16 декабри соли ҷорӣ анҷумани пешазинтихоботии он баргузор шавад.
Мӯҳр
Чунайд
Мухтарам Кабири толорро чи кор мекунед, хаво холо он кадар хунук нест дар ягон майдони кушоди шахри Душанбе чаласаатро гузаронидан гир. Агар сад мактуб хам нависи ба Шумо толор чудо намекунанд.

Мехр
Толоре, ки гунчоиш ва бардошти хадди акал 700 нафар муллоро дошта бошад. Оё ин хел толор дар шахр аст.

Неэмат
700 аъзо надораду вохима мекунанд. Чунайд рост мега, дар болои алаф гузаронед.

таго
чунайд ва ниматиарканок шмо чи мегует як бор толор медод хукумати гаром сони медидед ки чикадар азодоштас КАБИРИ

факат барой хизби нахзати ислом толор намедиханд чун ин хизб хизби нахзати исломи аст аз инчо малълум мешавад ки дар точикистони мо нафароне хастан ки ин хизб ро намехоханд хамон тур ки дар замони паёбарамон Мухаммад мустафо (сл) буд амо ин гурух харгиз ба максадашон намерасанд чун ин хизб ро тарафдораш аллох аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)