Бахшҳо

Афвшуда баъди 4 рӯзи раҳоӣ падарашро кушт

Мақомоти пулиси вилояти Суғд мегӯянд, Табур Ғафуров, як сокини 31-солаи ҷамоати Фондарёи ноҳияи Айнӣ, ки ахиран афв шудааст, бегоҳи 8-уми ноябр боз даст ба ҷиноят зада, падари 55-солаи худро куштааст.

Акбар Шарипов, сухангӯи Раёсати умури дохилии вилояти Суғд ба “Озодагон” гуфт, афвшуда дар пайи муноқиша бо калтак ба сари падараш задааст, ки дар натиҷа дуюмӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ӯ гуфт, феълан Ғафуров дар боздошт буда, алайҳи ӯ тибқи моддаи 110, яъне қасдан расондани зарари ҷисмонӣ, ки бо марг анҷомидааст, парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Ин сокини ҷамоати Фондарёи ноҳияи Айнӣ соли 2010-ум барои расондани зарари миёнаи ҷисмонӣ ва дуздӣ маҳкум шуда, 4-уми ноябри соли равон тибқи афви эълоннамудаи раисиҷумҳур ба муносибати 20-умин солгарди Сарқонун озод шуда буд.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 10-уми ноябр дар мулоқот бо маъмурини Вазорати умури дохилии кишвар супориш дод, ки афвшудагонро зери назорат гиранд ва барои мутобиқ шуданашон дар ҷомеа ва дарёфти ҷои кор кӯмак кунанд. Афви эълоннамудаи раисиҷумҳур 10 ҳазор маҳбусро фаро гирифта, дар доираи он ҳудуди 4,5 ҳазор нафар озод мешаванд. Маъракаи озодшавии маҳбусу муттаҳамҳо дар доираи ин афв аз рӯзи 3-юми ноябр оғоз шуда, интизор меравад, ки то 6 моҳ идома хоҳад кард.
Мӯҳр
Аслидин
Маълум мешавад ки пора супоридаанд ва авфаш карданд.Мана окибати авфи дуругини хукумат.

Мехр
Садкаи номи фарзанди падар шави, Табури хаивонсират дар шакли одам.

саидчон
ин фарзанди нохалаф чояш кунчи маҳбас аст

Маъракаи авф бояд дар асоси хулосаи комиссияи салохиятдор ки аз мутахассисон сохахои мухталиф махсусан табибион ташкил карда мешавад амали карда шавад. Хар як авфшуда бояд хматарафа аз санчиш гузаронида шуда баъд ба озоди ичозат дода мешуд.
Ин натичаи карори нодурусти комиссия аст

Ситора
Э Бародар одамхои соку саломат 100% чои кор намеёбанд Ба ин Махбусон ки бовар мекунад чои кор медихад Ин Авф Факат ва Факат Барои Як Гурух одамони Мансабдор буд Чи ин кадар вохима мекунед АВФ шид гуфта тамоми Теливизонхои Чумхури факат ва факат АВФ ЭЛОН доранд АВФ кунед Ба Зайд Саидов Махмадрузи Искандаров АВФ кунед Чунки ин Шахсхо Хам Бегуноханд ва хам Манфиаташон ба ЧТ мерасад Асос ба халки КАМБАГАЛ бовар кунед

Аскар
Офарин Ба Шумо Апаи Ситора Шумо гапи Хакро мегуед ин АВФ Факат барои 3ё4 Хукуматдор лозим буд ё барои 1ё2 Наркокурери Точикистон ки Ба ном дар Махбас Будан лекин Дар шахри Дубай бо Занхои 2 юмашон аз хисоби бародаршон кайфу сафо карда мегаштан Боз 5 мох пеш аз АВФ ба озоди баромадаанд Ба монанди Пантераи ФАРХОР Наход бо 42 кг Героин ба даст Афти боз дар 2 сол озод шави

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)