Пешниҳоди ҳизби Жириновский барои ҷалби тоҷикҳо ба хидмат дар артиши Русия
Ҳизби либерал демократи Русия пешниҳод кардааст, ки ба сафи артиши ин кишвар шаҳрвандони хориҷӣ пазируфта шаванд.
Роман Худяков, вакили Думаи давлатии Русия аз Ҳизби либерал демократ ба Вазорати дифоъ ва Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) пешниҳод кардааст, ки имконяити амалӣ шудани ин иқдомро баррасӣ кунанд.
Ба бовари ин вакил сипоҳи хориҷии Русия метавонад боиси субот дар Осиёи Марказӣ шавад ва ҷавобе ҳам барои фишори эҳтимолии “Хилофати исломӣ” дар минтақа мебошад: “Шаҳрвандони Узбакистон ва Тоҷикистон бо хушнудӣ ба ин сипоҳ ҳамроҳ мешаванд, ин ҷо ҳеҷ мушкиле нест. Аммо, саффи фармондеҳон ва мураббиён бояд аз миёни мутахасисони рус бошанд.”
Тибқи пешниҳоди вакили Думаи давлатии Русия паймонкорон (контрактники) баробари аскарони рус маош мегиранд ва пас аз шаш соли хидмат шаҳрвандии Русияро дарёфт хоҳанд кард.
Қабалан ҳам вакилони Ҳизби либерал демократ дар вилояти Псков пешниҳод карданд, ки ба мақсади ҳимояи манфиатҳои миллии Русия дар хориҷ ташкилоти ғайридавлатии низомӣ ташкил шавад.
Аммо, Евгений Бужинский раҳбари собиқи раёсати байналмилалии вазорати дифои Русия ин пешниҳодро қобили қабул надонист ва гуфтааст, ки ин иқдом натиҷаи хубро нахоҳад дод. Ба гуфтаи ӯ агар ҳадаф ба осонӣ гирифтани шаҳрвандии Русия бошад, барои ин чораҳои дигар андешида шуда истодаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |