Маҳкумияти Модар барои буридани сари духтари 6-солааш дар Душанбе

Зиёдагул Шарипова, сокини ноҳияи Ҳисор, ки ба иттиҳоми қатли фарзанди 6-солааш охири моҳи июни соли ҷорӣ боздошт шуд, ба муҳлати 19 сол равонаи зиндон шудааст. Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии кишвар хабар доданд, Шарипова бар асоси моддаи 104 қисми 2 бандҳои “б”, “е”-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбдор дониста шудааст.
Шарипова, зодаи ноҳияи Ҳисор, шаҳраки Шарора, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе буда, рӯзи 30 июн тахминан соатҳои 10 ба 11 фарзанди ноболиғи худ - Мадинаи шашсоларо аз Хонаи кӯдакони №2 гирифта, баъдан ба таври ваҳшиёна ба ҳалокат расонидааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУД, он замон боздоштшуда ҷасадро дар назди бинои рақами 11-и кӯчаи Федина гузошта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Ҷасади аз сар ҷудошудаи Мадина нисфирӯзи 30 июн дар роҳрави назди бинои рақами 11-и кӯчаи Федина дарёфт гардид.
Мақомоти пулис он замон гуфтанд, ин зани тоҷик дидаву дониста сари Мадинаро аз тан ҷудо карда, далели ин амалашро раҳоии духтарчааш аз таънаи мардум ва гурез аз посух ба суоли “падарам кист?” арзёбӣ кардааст. Гӯиё хешу табор ва наздикони Шарипова ҳамеша ӯро сарзаниш карда, таъна мекардаанд, ки фарзанди “ҳаромӣ” ба дунё овардааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |