Эмомалӣ Раҳмон: Ҳадаф, муаррифии симои куллан нави милиса аст (АКСУ ВИДЕО)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз усулу ҳиллаҳои нави ҷинояткорон дар ҷаҳон ҳушдор дода, мақомоти умури дохилии кишварро ба зиракӣ даъват намудааст. Раисҷумҳури Тоҷикистон, ки имрӯз, 10-уми ноябр, зимни таҷлили иди касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар Душанбе суҳбат мекард, хостори баланд бардоштани маърифат, ахлоқ ва касбияти кормандони умури дохилӣ шудааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба генералҳо, афсарон ва сарбозони умури дохилӣ гуфтааст, “таваҷҷуҳи пайвастаи давлату ҳукумати кишвар нисбат ба Вазорати умури дохилӣ, ҳар яки шуморо водор месозад, ки барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва содиқ будан ба савганди худ масъулияти дучанд эҳсос намоед.”
Ба гуфтаи ӯ, мардум дар симои кормандони умури дохилӣ намояндаи давлатро мебинад ва бо умеди ҳалли мушкилоташон ба онҳо муроҷиат менамояд: “Аз ин рӯ, пеш аз ҳама, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бояд дорои маърифати баланд ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида бошанд, сатҳи касбии худро мунтазам такмил диҳанд ва хусусан дар шароити ноорому печидаи ҷаҳони муосир Ватани маҳбубу халқи худро аз ҳама гуна хатару таҳдидҳо эмин нигоҳ дошта тавонанд, яъне кафили зиндагии осудаву ороми мардум бошанд.”
Раисҷумҳури Тоҷикистон изҳор доштааст, ки вазифаи асосии корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар баробари назорат инчунин пешгирӣ кардани ҷиноят ва мусоидат барои боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа аст: “Тибқи таҷриба талаботи қонунгузорӣ ҳамон вақт пурра риоя мегардад, ки иҷрокунанда аз муҳтавои он бохабар бошад.”
Эмомалӣ Раҳмон дар идома аз раҳоии садҳо зиндонӣ дар пайи қабул шудани қонуни афв ёдовар шуда, таъкид кардааст, ки мақомоти умури дохилиро зарур аст, онҳоро таҳти назорат қарор диҳад ва барои таъмини онҳо бо шуғл ва умуман ҳамгироӣ бо ҷомеа ва зиндагиву фаъолияти осоишта кумак расонанд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудааст, ки талошҳо барои боз ҳам баланд бардоштани эътибори мақомоти корҳои дохилӣ дар доираи барномаҳои ислоҳот идома хоҳанд ёфт ва таъкид намудааст, ки “як нуктаро ҳар як корманди соҳа бояд дарк намояд, ки мақсади ислоҳот пеш аз ҳама муаррифии симои куллан нави корманди макомоти корҳои дохилие мебошад, ки ҳадаф ва мақсади асосиаш таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон аст.”
Дар ниҳоят Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилиро ба ифтихори ҷашни касбӣ табрик гуфта, дар ҷодаи хизмати ба нафъи давлат, Ватан ва халқи Тоҷикистон азму иродаи қавӣ ва барори кор орзу намудааст.
Дар ҳамин ҳол "Озодагон" аз роҳгузарон дар Душанбе пурсид, ки ба кормандони мақомоти милиса чӣ таманно доранд?
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |