Бахшҳо

Ҳушдори Эрон аз ғасби амволи Занҷонӣ дар Тоҷикистон ва ҳукми қатл

Ситоди мубориза бо фасоди молии Эрон аз тасарруфи амволи Бобак Занҷонӣ, тоҷири боздоштшудаи ин кишвар аз сӯи мансабдорони давлатии Тоҷикистон ҳушдор додааст.

Ин ниҳод мегӯяд, Занҷонӣ ҳеч майле барои ҳамкорӣ бо мақомот дар раванди тафтишот ва баргардонидани пулҳои азхудкардааш ба давлатро надорад.

Юсуфиён Мулло, узви нозири Маҷлиси Эрон дар ситоди мубориза бо фасоди иқтисодӣ гуфтааст, бо ин роҳ на ҳукумати Эрон қарзи худро бозпас мегирад ва на Занҷонӣ ба ҳадафҳои худ мерасад: “Амвол ва сармояҳое, ки Занҷонӣ дар Тоҷикистон ва Малайзия дорад, тавассути афроди давлатии ин кишварҳо тасарруф мешавад ва ин молу мулк соҳиб пайдо мекунанд.”

Ӯ афзудааст, Вазорати умури хориҷии Эрон бояд масъулони сафоратхонаҳои худро фаро хонда, ба таври маҳрамона ба мушовирони иқтисодии онҳо барои шиносоии амволи Бобак Занҷонӣ дар кишварҳои хориҷ дастур медод: “Банда чандин бор дар ҷаласаҳи ситод эътироз кардам, ки чаро барои шиносоии амволи Занҷонӣ ба Тоҷикистон ё Малайзия қозии додгустарӣ аз Додсарои Теҳрон биравад, дар ҳоле ки ин вазифаи додситонии Теҳрон нест ва коре аст, ки бояд ройзанони Эрон дар Тоҷикистон ва Малайзия анҷом диҳанд.”

Ҳушдори Эрон аз ғасби амволи Занҷонӣ дар Тоҷикистон ва ҳукми қатлИн узви Ситоди мубориза бо фасоди молӣ ҳаҷми қарзи Занҷонӣ аз давлати Эронро чандин баробар зиёд аз маблағҳои ҳабсшудаи кишвараш дар пайи баҳсҳои ҳастаӣ хонда, гуфтааст, агар давлатҳои мазкур сармояҳои Занҷониро бозпас надиҳанд, Теҳрон аз роҳҳои қонунӣ барои соҳибии маблағҳояш истифода хоҳад кард: “Дар музокироти ҳастаӣ баъд аз он ҳама гуфтушунидҳо дар ҳар марҳала 550 миллион доллар аз маблағҳои ҳабсшуда озод карда шуд, ки қарзҳои Занҷонӣ то ба 2 миллиарду 650 миллион доллар мерасад. Агар мақомоти кишварҳое, ки амволи Эрон тавассути ин тоҷир ба онҳо роҳ ёфтаанд, бозпас дода нашавад, Теҳрон барои муқобила бо тасарруфи амволаш аз тариқи Девони доварӣ истодагарӣ хоҳад кард.”

Юсуфиён Мулло дар идома ба худи Занҷонӣ низ ҳушдор додааст, ки агар ин бетаваҷҷуҳияш нисбат ба раванди тафтишот идома ёбад бар зарари худаш тамом шуда, мисли Амир Мансур Ориё маҳкум ба эъдом хоҳад шуд: “Касе фикр намекард, ки Амир Мансур эъдом мешавад. Ҳар нафаре, ки қабл аз ин ҳукм назди ӯ ба зиндон мерафт ва бо ӯ суҳбат мекард, медид, ки муттаҳам комилан хотирҷамъ буд ва ҳатто дар дидорҳояш баҳсҳои иқтисодӣ мекард. Шояд дар аввал худашро ба унвони як қарздор фарз кунад, аммо нигарони он ҳастам, ки ин қарзҳои ӯ бо мушкили бузург рӯбарӯ шаваду дигар роҳи бозгаште надошта бошад.”

Ин дар ҳолест, ки қаблан Юсуфиён Мулло аз шиносоӣ шудани амволи Занҷонӣ дар Тоҷикистон ва Малайзия хабар дода, аз Вазорати умури хориҷии кишвараш барои бозпас овардани онҳо кумак хоста буд. Ӯ гуфт, “муфаттишони сафарбаршуда макони сармояҳои Занҷониро муайян кардаанд, вале қудрати ба танҳоӣ бозпас овардани онҳоро надоранд. Агар Вазорати умури хориҷии Эрон ба ин масъала дахл карда, ба мо ёрӣ расонад, метавонем, ин пулҳоро баргардонем.”

Бобак Занҷонӣ, ки аз ӯ “дӯст”-и бархе аз мақомдорони тоҷик низ ном бурда мешавад, 30 декабри соли гузашта дар Эрон боздошт ва баъдан ба зиндони Эвини ин кишвар интиқол ёфт. Мақомоти Эрон эълон карданд, ки Занҷонӣ барои "гум шудан"-и 2 миллиарду 60 миллион евро пули марбут ба Вазорати нафт, ки шахси воқеӣ набояд онро дар ҳисоби худ дошта бошад ва аз он барои сармоягузорӣ истифода кунад, муттаҳам мешавад.

Ин миқдор пуле, ки миллиардери эронӣ гуфтааст, онро тавассути Бонки милллиТоҷикистон ба кишвараш интиқол дода, санад ҳам дорад. Аммо вакилони парлумони Эрон ин санадро ҷаълӣ ё қалбакӣ хонда, Бонки миллии Тоҷикистон ҳам анҷоми як чунин амалиёт тавассути ин бонкро расман рад кард.

Номи Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ замоне дар Тоҷикистон маъруф ва сархати расонаҳои хабарии кишвар қарор гирифт, ки сармояҳои ӯ вориди Душанбе шуд. Дар Тоҷикистон ҳоло ду тарҳ, ширкати “Осиё Экспресс”, соҳиби нави автовокзали пойтахт ва бонки «Kont Investment Bank», ки қароргоҳаш дар Душанбе мебошад, ба Занҷонӣ марбут дониста мешаванд.
Мӯҳр
салкин шава мегири мо дар хамичаем пули худмона гирифта наметонем ту чихели мегириша

Мехр
Ин Муллои Ирони як сола бучети кишвари моро гасб кардани .Агар Занчони ин кадар маблаги дар Точикистон мегузошт, мо Иронихоро ЧОН ЧОНИ мегуфтем.

Э Домулло хуб одами плефта будай мо худумон пуломон гирифта наметонем ту аз кичо корхои дохила не агар Равсанчони ки мудозила кунад як доллар гирифта наметонед так что бубхащ

абача бегона нестем баъд мегириш мон ика фахр кнем мо ика пул дорем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)