Монеагузории Русия барои интиқоли $ ва рекорди нав: 1$ =5,35 сомонӣ
Навиштаи Маҳбатқадам, махсус барои “Озодагон”
Бархе аз бонкҳои Русия монеи интиқоли доллар ба Тоҷикистон аз ҷониби муҳоҷирони тоҷик шудаанд. Худойбердӣ Худойбердиев, як муҳоҷири тоҷики муқими Маскав мегӯяд, ҳафтаи гузашта хост, аз Маскав ба ҳамсараш дар Душанбе маблағи чиптаю дигар хароҷот-800 доллари амрикоиро равон кунад, аммо масъулини бонк монеи ин кораш шуданд: “Дар бонк гуфтанд, ки долларро равон намекунем ва баъдан шарт гузоштанд, ки аввал долларҳоямро ба рубл гардонам ва боз аз худи ин бонк доллар харам ва танҳо дар ҳамин сурат онҳо метавонанд, ба Тоҷикистон доллар равон кунанд. Чун ҳисоб кардам, бароям зараровар баромад, зеро вақте долларамро бо арзиши камтар ба рубл мегардонам ва баъд бо арзиши қимат доллар мехарам, ҳар 100 доллар бароям, беш аз 5 ҳазор рубл меғалтад. Бинобар ин умуман маблағ равон накардам ва аз як шинос дар Душанбе хостам, ба ҳамсарам ин маблағро диҳад ва ман онро дар Маскав бармегардонам.”
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи коршиносон маблағҳои равонкардаи муҳоҷирон аз Русия одатан манбаи асосии таъмини бозори нақди Тоҷикистон бо асъори хориҷӣ маҳсуб меёбад ва қурби сомониро муътадил нигоҳ медоштанд. Аммо ба далели таҳримҳои Ғарб доллар феълан дар худи Русия низ камчин шудааст ва ин боиси гаронии доллар дар бозори нақди Тоҷикистон низ гардидааст.
Дар ҳамин ҳол рӯзи якшанбеи 9-уми ноябр саррофони нуқтаҳои мубодилаи асъор дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе арзиши як доллари амрикоиро зимни фурӯш дар лавҳаҳояшон 5,35 сомонӣ нишон дода буданд, ки ин нишондоди бесобиқа дар таърихи бозори нақди кишвар мебошад. Аммо бо ин нарх ҳам пайдо намудани доллар дар Душанбе мушкил шудааст, чун бархе аз саррофон бо назардошти қурби рӯзафзуни доллар аз фурӯши он худдорӣ мекунанд.
Болоравии қурби доллар дар баробари сомонӣ дар ҳолест, ки арзиши рубли русӣ дар Тоҷикистон рӯз ба рӯз босуръат поин рафта истодааст ва феълан ба ивази 1000 рубл дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Душанбе 108 сомонӣ ва баъзан аз он ҳам камтар медиҳанд. Дар бархе аз нуқтаҳои мубодилаи асъор саррофон бо назардошти беқурбшавии рӯзафзуни рубл умуман аз иваз намудани он ба сомонӣ худдорӣ мекунанд. Як сарроф дар маҳаллаи Сирки Душанбе ба “Озодагон” гуфт, ҳудуди ду ҳафта пеш беш аз 150 ҳазор рубли як муштариро бо нархи 124 сомонӣ сари 1000 рубл харидорӣ намуд: “Ҳозир қурби 1000 рубл аз 110 сомонӣ камтар шудааст. Аз майда кардани рубл танҳо дар ҳамон рӯз ман ҳудуди 2 ҳазор сомонӣ зарар дидам.”
Дар ҳамин ҳол эҳтиёткории саррофон низ қобили дарк аст, чун бозори нақдро як номуайянӣ фаро гирифтааст ва худи саррофон ҳам намедонанд, ки чӣ кор кунанд, то ҳадди ақал насӯзанд ва маблағ аз даст надиҳанд.
Саррофон дар нуқтаҳои мубодилаи асъор дар маркази Душанбе ба суоли “Озодагон” дар бораи омилҳои боло рафтани қурби доллар изҳор доштанд, ки талабот зиёд аст: “Долларо ба мо кам оварда истодаанд, аммо харидоронаш бисёр шудаанд.” Онҳо афзуданд агар Бонки Миллӣ дахолат накунад, яъне долларҳои нақдро ба бозор ворид насозад, гароншавӣ метавонад идома ёбад.
Фурқат, як саррофи нуқтаи мубодилаи асъор дар хиёбони Рӯдакӣ гуфт, “чун долар боло рафт дар баробари ин молҳои дигар ҳам метавонанд қимат шаванд, зеро аксари молҳои Тоҷикистон воридотӣ мебошанд ва дар хориҷа бо доллар харидорӣ карда мешаванд.”
Озар Холназаров, таҳлилгари масоили иқтисодӣ мегӯяд қурб дар бозори асъор ҳам аз талабот ва пешниҳод вобаста аст ва мутаассифона имсол интиқоли маблағ аз Русия нисбати солҳои пеш коҳиш ёфтааст ва воридоти асъори нақд ба бозор камтар шудааст: “Инчунин беқурбшавии рубли русӣ низ ба бозори мо таъсир мерасонад, чун ин кишвар аз ҷумлаи шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон мебошад.”
Феълан қурби рубли русӣ дар худи Русия дар баробари доллар ба таври бесобиқа поён рафта, як доллар беш аз 43 рубл арзиш дорад. Ин омил ба сатҳи даромади муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия низ таъсири манфӣ мерасонад, ки теъдодашон беш аз 1 миллион нафар арзёбӣ шуда, ҳамасола ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 4 миллиард доллари амрикоӣ ворид мекунанд.
Қурбоншо Аламов, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Маскав ба мусофиркашонӣ машғул аст, изҳор медорад , ки беқурбшавии рубл даромади ӯро кам кардааст: “Мо ва бисёри тоҷикони дигар маошашонро бо рубл мегиранд. Барои мисол қаблан агар 45 ҳазор рубл мегирифтам, он баробари 1,5 ҳазор доллари амрикоӣ буд. Ҳозир маошам камтар 1100 доллар мешавад, ки хеле кам аст. Бадии кор боз дар он аст, ки маблағи иҷрораро низ бо доллар қабул мекунанд. Пештар агар 800 доллари иҷораамон 26 ҳазор рубл мешуд, ҳозир беш аз 33 ҳазор рубл мешавад.”
Ин ҳолат бори дигар нишон дод, ки иқтисоди Тоҷикистон пойбанди маблағи муҳоҷирони тоҷик аз Русия мебошад, гарчанде мансабдорони блоки иқтисодии ҳукумати кишвар дар нишасту ҳамоишҳо тайи солҳои охир талош мекарданд, ин пойбандиро ночиз нишон диҳанд. Дар пасманзари ин ҳолат Нуралӣ Ҷамолиддинов, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон ва домоди раисиҷумҳур дар суҳбат бо “Файненшал Таймс” эътироф намуд, ки вазъи феълӣ дар Русия барои Тоҷикистон низ оқибатҳои бад дорад ва изҳори умед намуд, ки масъулини Русия дар ояндаи наздик роҳи ҳалли мушкилашонро пайдо хоҳанд кард. Ӯ дар қатори чораҳое, ки Тоҷикистон дар баробари хатарҳо аз Русия амалӣ карда истодааст, ҷалби сармоя аз Чинро ном бурд. Ӯ гуфт Тоҷикистон ният дорад, бо ҷалби маблағҳо аз Чин таъсири манфии иқтисодӣ аз Русияро коҳиш диҳад.
Дар ҳамин ҳол сокинони оддии Тоҷикистон аз он нигаронанд, ки боло рафтани доллар як баҳонае хоҳад шуд, ки фурӯшандагони молҳои дигар беасос ва бамаротиб нархҳои колояшонро боло мебаранду ба буҷаи хароби мардум боз як зарбаи дигар мезананд. Таҳлилгарон мегӯянд, пойбандии Тоҷикистон ба омилҳои берунӣ қурби пули миллиро нисбати доллари амрикоӣ осебпазир кардааст. Бонки Миллӣ ҳам наметавонад муддати дароз бо вуруди пули нақд ба бозор қурби долларро поин нигоҳ дорад, чун зураш намерасад ва аз захираҳои бузург бархӯрдор нест.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |