Раҳмон ва губернатори Питер омӯзиши ихтисосҳои коргарӣ ба муҳоҷиронро баррасӣ кардаанд
Эмомалӣ Раҳмон, райиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Георгий Полтавченко, губернатори шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар як дидор омӯзиши забони русӣ ва ихтисосҳои коргарӣ дар шаҳри Душанбе ба муҳоҷирони кории эҳтимолӣ ва ба корхонаҳои мушаххас ба кор бурдану бо шароити зарурӣ таъмин намудани онҳо дар Санкт-Петербургро матраҳ кардаанд.
Тавре дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ин мулоқот рӯзи 9 ноябр дар пойтахти кишвар сурат пазируфта ва зикр гардидааст, ки минбаъд миёни сохторҳои гуногуни шаҳрҳои Душанбе ва Санкт-Петербург “ҳамкории пурсамари бевосита, аз ҷумла дар самти Омӯзишгоҳҳои касбӣ-технкиии шаҳри Душанбе ва дигар муассисаҳои таълимию истеҳсолӣ кори худро тақвият хоҳанд бахшид”.
Георгий Полтавченко ба манзури ширкат дар чорабиниҳои “Рӯзҳои Санкт-Петербург дар Душанбе” ба Тоҷикистон омадааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |