Бахшҳо

Тақозои Кабирӣ аз ҳукумат: Интихоботро ҳамчун фурсати нодир истифода баред

Муҳиддин Кабирӣ, райиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) гуфтааст, ҳар қадар интихобот шаффофу озод бигзарад, ҳамон андоза ба суботу амният таъсири мусбат мегузорад ва ҳар қадар он ғайридемократӣ баргузор шавад, ҳамон миқдор ба неруҳои ифротӣ ва тарафдорони таҳрим хидмат мекунад. Ин нуктаро райиси ҲНИТ 8 ноябр зимни ҷаласаи васеи моҳонаи ҳизбаш изҳор доштааст.

Ӯ афзуда, бояд ҳукумат, ҳизбҳо ва ҳамаи иштирокдорони ин раванд исбот кунанд, ки дар хидмати суботу амният ва ваҳдати миллӣ ҳастанд ё дар хидмати ифроту бесуботӣ: “Мо, ки тарафдори суботи кишвар ва ваҳдати миллӣ мебошем, бояд ин интихоботро ҳам дар ҳамин руҳия бигзаронем. То имрӯз бо сабру таҳаммули худ инро исбот кардем, дар оянда ҳам пойбандиамонро ба қонун ва мардумсолорӣ бояд нишон бидиҳем. Ҳамзамон, аз дигарон, аз ҷумла, аз ҳукумат ҳам тақозо намоем, ки дар масъалаи таҳкими ваҳдати миллӣ, татбиқи меъёрҳои конститутсия, қонунҳо ва демократия қадамҳои мушаххас ва ҷиддӣ бардоранд. Ин интихоботро ҳамчун фурсати нодир истифода баранд”.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ мегӯяд, дар ин ҷаласа раисони шӯъбаҳои вилоятӣ ва минтақавии ҳизб аз омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ ва фаъолияти ситодҳои маҳаллии ҳизб гузориш додаанд. “Тибқи гузоришҳо, таваҷҷуҳи қишрҳои гуногун, аз ҷумла, ҷавонон нисбат ба ҲНИТ бештар гаштааст. Масъулини ҳизб гуфтанд, ки фишори мақомот моҳи ахир камтар гашта, ҳодисаҳои ошкоро помол кардани ҳуқуқи аъзо ва ҷонибдорони ҳизб сабт нашудааст”.

Муҳиддин Кабирӣ, райиси ҲНИТ барои баргузор намудани Анҷумани пешазинтихоботӣ зеркомиссияе дар Ситоди интихоботӣ ташкил карда, аз масъулини он хостааст, масъалаи гирифтани иҷозати толор барои баргузории анҷумани пешазинтихоботиро пайгирӣ намуда, “дар ҳолати зарурӣ ба Дастгоҳи президент барои мусоидат муроҷиат намоянд”.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
МУХОЧИРБАЧЧА
ХУДО КУВВАТ БА ХАКПАРАСТОН ВА ДЕМОКРАТОНИ ВОКЕИ

Shohbulut
Озодагони, вале буйи озодӣ надорӣ!

bale
Komilan Gapoi ighoi Kabiri munsifonaast

Мехр
Кабири Шумо ва дигар вахдати миллисозхо як маротиба мардума фиреб додагиед, хама молу мулки давлата тарака кардед. Монед ва фаромуш кунед ин фурсати нодиратона, то ки наслхои Истиклол Ватана обод кунанд.

Саид
Устод Кабири агар Шумо тавонед, ки ХНИТ-ро пароканда кунед, бехтарин ва чавонмандтарин хидмати Шумо барои МИЛЛАТ хохад буд. Башарият имруз дигар режимхои исломиро кабул надорад. Монед мардуми бечора ибодати худро озодона намояд. Агар имруз хизби Шумо намебуд, хама мансабдорон низ озодона ба масчид мерафтанд. Хизмати хирсонаи хизби Шумо барои миллат хамин аст, ки касе ба масчиди Худо равад, уро пайрави Шумо медонанд. Вале таърих гуво аст, ки хизби Шумо бо миллат ва Давлати Точикон чи раво дида буд. Озодагон аз Кабири озод боши чоп кун. Касе бахс дорад омодаам чавоб гуям ва исбот кунам ки хама бадбахтихоро ба сари миллат солхои 90-ум хамин хизб, лидеронаш ва козии замон оварда буданд.

Саид, Ташаккур! Бехтарин суханхо, хайрият, ки мардуми бомаърифат каме бошад хам хастанд. Аз Кабири ба ягон кас фоида нест, ман хайрон умуман вай оё ба худо бовари дошта бошад?... Вай ислоиро факат бо максадхои гаразнок истифода бурда истодааст, дар фикри бехбудии халк ва ислом нест. Пуле, ки хочахои хоирчи ба вай медиханд бояд барои вайхо кор кунад. Албатта шароити зиндагиамон он кадар хуб нест, аммо аз хар кадоми мо вобастагии бисёр дорад. Каме бошад хам мо бояд барои ободи ватамон бе ягон хочахои хориичи (ягонтаи онхо дар фикри бехбудии мо нетанд) сахми худро гузорем, набояд факат фикри худамонро кунем, бояд ояндаи фарзандонамонро фикр кард. Касе, ки аклу маърифат дошта бошад, а кафои Кабири ва хамкасбонаш хеч гох намеравад. Бовар кунед дар ин чо манфиати халку ватан умуман нест, вайхо факат дар фикри шахсии худашон мебошанд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)