Мавзуна ВАҲҲОБОВА
Модарони тоҷик роҳи халосӣ аз хушунатро дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебинанд, аммо намедонанд, бо ин роҳ тарбияи фарзандонашон коста гашта, боиси афзудани сафи ноболиғони ҷинояткор мегардад. Онҳо натанҳо тарки хонаҳои шавҳаронашон, балки зодгоҳу фарзандони худ карда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Фарзандони ин гуна занҳо, ки ҳам аз меҳри падар маҳрум мондаанду ҳам аз ғамхориҳои модар, беназорат мемонанд ва бо осонӣ ба роҳи хато мераванд. Чунин ноболиғон ё ҷиноят содир мекунанд ва ё аз тарафи хешовандон ба корҳои маҷбурӣ ҷалб мегарданд, ки нақзи ҳуқуқҳои эшон низ мебошад.
Гулчеҳра, як бонуи тоҷик дар суҳбати телефонӣ аз Федератсияи Русия иброз намуд, солҳо зери шиканҷаи шавҳар қарор дошт, вале ба хотири ду кӯдаки ноболиғаш шикояте намекард. “Нуҳ сол бо шавҳарам зиста танҳо моҳҳои аввали хонадоршавиамон ҳарфҳои меҳрбор шунидаму бас. Солҳои минбаъда бо таънашунавӣ гӯшу майнаам пур шуд. Агар кӯдаконамон ҳама духтар таваллуд шаванд, гуноҳи ман чӣ? Ҷинсияти кӯдакро ман муқаррар намекунам-ку?”,-мегӯяд Гулчеҳра. Ба гуфтаи ӯ, вақте духтари сеюм тавлид гашт, падари хонадон ба тамом аз онҳо рӯй тофт. Гулчеҳра пас аз аз сарсониҳои зиёд бар Русия рафту ҳоло тарбияи се кӯдакаш бар зимаи хоҳару занони додаронаш аст.
Ба омори расмӣ феълан беш аз 15 ҳазор сокини шаҳри Хуҷанд дар Русия ба меҳнати кироя машғуланд. Дар ин миён занҳои муҳоҷир ҳам кам нестанд. Агар қисмеро шароити иқтисодии оилавӣ ва дарёфт накардани ҷойи мувофиқи кор дар зодгоҳ ба муҳоҷират маҷбур карда бошад, қисмати дигар заноне мебошанд, ки пас аз хушунати зиёду тоқатнофарсо аз ҷониби шавҳару аъзои оила ба муҳоҷират рӯ овардаанд.
Шаҳноза Олимоваи 28-сола пас аз гирифтани шиносномаи хориҷӣ ба Русия рафтанист. Мехоҳад худ ва духтарчаашро ҳамаҷониба таъмин созад, зеро пас аз марги шавҳараш бе сарпаноҳ мондааст. “Хушдоманам ягон маротиба набераашро ба даст намегирифт, зеро маро бад медид. Ягон корам ба ӯ писанд набуд ва ин рафтор ахиран сабаби ҷанҷоли ману шавҳарам гардид. Бо як сухани хушдоманам, ки “Занатро ҷавоб деҳ, ӯ сабукфикру сабукпой аст ва мумкин кӯдакаш низ аз ту набошад”, ҷасади шавҳарамро дар ҳаммом бо ресмон ҳамоил дарёфтем”,- бо ҳасрат нақл кард Шаҳноза.
Хушунати оилавӣ яке аз масъалаҳоест, ки давлату ҳукуматро ҳам ба ташвиш андохтааст. Гулнора Гадойбоева, мутахассиси шӯъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мегӯяд, занони зери хушунат қароргирифта кам нестанд. Вале на ҳамаи онҳо ба мақомоти дахлдор муроҷиат мекунанд, зеро намехоҳанд, оилавайрон шуда, фарзандонашон аз меҳри падар дур монанд.
Ӯрунбой Шарифов, як сокини вилоят аз зумраи афродест, ки нисбат ба зани қонуниаш аз хушунат кор гирифтааст ва чанде пеш ӯро бо як кӯдаки ноболиғ талоқ дод. Ӯрунбой сабаби ин оилавайрониро дар дӯст надоштани ҳамсараш гуфт: “Ҳарчанд розӣ набудам, вале падару модарам зӯран бо он духтар хонадор карданд. Заррае ҳам ба ман маъқул нашуда буд. Як сол зиндагӣ кардем, соҳиби духтарча шудем, вале пас аз тавлиди кӯдак дилам умуман занамро накашид. Худамро дигар маҷбур карда натавонистам. Ба ҳамаи латту кӯб, суханони қабеҳ ва рафторҳои ноҷоам тоқат мекарду аз хона намерафт. Аммо ӯро бе ягон сабаби узрнок ба хонаи волидонаш гусел кардам".
Аснои баррасии додгоҳӣ оид ба ҷудо шуданашон сабаби пошхӯрии оиларо дар бемории руҳӣ доштани шавҳар қарордод намуданд. Ҳамсар бо духтарчаи навзод ба хонаи волидайн баргашту то имрӯз ягон ҷойи кори ба худаш мувофиқ пайдо накардааст. Ӯ низ мехоҳад кӯдакашро ба модари бемору нафақагираш монда, ба Федератсияи Русия равад.
Масъалаи ба муҳоҷират рӯй овардани занон агар аз як тараф бо кор таъмин шудану озодии занонро таҷассум намояд, аз тарафи дигар афзудани сафи ноболиғони бепарастор масъулинро ба ташвиш андохтааст. Ба итттилои Мадина Салимова, котиби масъули Комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, дар нуҳ моҳи соли 2014 сатҳи ҷиноятсодиркунии ноболиғон каме коҳиш ёфтааст, вале ҳанӯз ташвишовар боқӣ мемонад. “25 ноболиғ 38 ҷиноят, ки асосан дуздиву авбошист, содир намудаву бо ин роҳ мехоҳанд вазъи оилавии худро беҳтар созанд. Ин гуна кӯдакон асосан аз оилаҳоеанд, ки аз ягон тараф танқисӣ ва норасоӣ доранд, масалан набудани модар ва ё падар. Барои онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намудану ба хотири дигарбора даст ба аъмоли зишт назадани ноболиғон онҳоро зери назорат гирифта, дар муассисаи давлатии Маркази солимгардонии норасоӣ ва ҳифзи кӯдакони шаҳри Хуҷанд қайд мекунанд”,-мегӯяд ӯ. Ба қавли хонуми Салимова, агар падару модари кӯдак бо аҳливу тифоқӣ бори гарони зиндагиро пеш баранд, кӯдакон дар зиндагӣ ягон камбудиву норасоиро ҳис нахоҳанд кард ва гуфтан мумкин ҷиноят аз тарафи кӯдакон содир намешавад.
Нозанин, духтарчаи хӯрдии Гулчеҳра бо ашки шашқатор аз ёд кардани модараш сухан мекунад. Ӯ аз чизе танқисӣ намекашад, зеро модараш барои таъмини ӯ ба парасторонаш миқдори муайяни пулро мефиристад ва Нозанину хоҳаронаш беҳтарин либос мепӯшанду хубтарин ғизоро истеъмол мекунанд, вале барои ӯ меҳри модар намерасад, меҳре, ки бар ивази пул ҳам касе дода наметавонад.