Шикоят аз бебарқӣ дар маркази Душанбе
Сокинони кӯчаҳои Шаҳобов ва Озодии занони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мегӯянд, чанд рӯз аст, барқ надоранд.
Чан нафар аз сокинони ин кӯчаҳо 8 ноябр ба “Озодагон” шикоят карданд, ки беш аз ду рӯзи ахир нерӯи барқ дар манзилҳояшон қатъ шудааст. Як сокини кӯчаи Озодии занон, ки худро Исмоил муаррифӣ кард, мегӯяд, аз соати 15:00-и рӯзи шашуми ноябр ба ин сӯ барқ надоранд: “Дар маркази шаҳр барқ нест. Кормандони идораи барқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ гуфтанд, ки баъди се рӯз барқ мешавад”.
Ба қавли сокинони ин кӯчаҳо далели қатъ шудани барқ барояшон маълум нест, аммо аз шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе ба “Озодагон” гуфтанд, ин ҳолат бар асари як садама ба миён омадааст: “Корҳо рафта истодаанд, ҳоло боз ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ мутахассисонро фиристодем”. Аммо масъулини шабакаҳои барқ нагуфтанд, ки садама кай бартараф ва сокинон барқ мегиранд.
Шикояти сокинони пойтахт аз қатъ шудани барқ бори аввал нест. Бо сард шудани ҳаво чунин шикоятҳо зиёд мешавад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |