Рӯзи театр: Нигаронии Марҳабо Ҷабборова ва ваъдаи вазири фарҳанг
Марҳабо Ҷабборова, муовини сарвазири Тоҷикистон аз таваҷҷуҳи андаки тамошобинон ба театр нигаронӣ карда гуфт, барои ҷалби бештари ҷавонон ба театр аз усул ва роҳҳои нав бояд истифода кунанд. Ӯ ин нуктаро дар маросиме бахшида ба Рӯзи театри тоҷик дар Душанбе иброз дошт.
Ӯ афзуд, “Вазорати фарҳангро зарур аст, барои ҷалби тамошобин ба театр ва эҳёи маърифати театравии ҷомеа, махсусан ҷавонону наврасон чораҳои мушаххас андешад. Вақти он расидааст, ки ҷиҳати ҷалби тамошобин ба театр бояд аз роҳу усулҳои нав бо дарназардошти анъанаҳои миллӣ истифода бурда шаванд”.
Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон бошад, ваъда кард, камбудӣ ва норасоиҳои моддие, ки кормандони театр ба он рӯбарӯянд, дар оянда ислоҳ хоҳад шуд. Вазир зимни қадрдонӣ аз собиқадорон ва ҳунармардони театр гуфт: “Барномаи консертие, ки чанде қабл зимни ташрифи 12 президенти кишварҳои гуногун дар Тоҷикистон намоиш дода шуд, ба қавле сару садои зиёдеро дар тамоми ҷаҳон ба вуҷуд овард”.
Зимнан, ба коргардонҳои ин барнома - Убайдулло Раҷаб ва Набӣ Ҷалол мукофоти давлатӣ дода шуд. Инчунин, Атто Ҳамдам, Нурулло Абдуллоев ва як қатор ҳунармандони дигар бо ҷоиза ва ифтихорномаҳо сарфароз гадиданд.
Рӯзи тетари тоҷик, ки ҳамасола 7 ноябр таҷлил мегардад, имсол ба хотири 75-умин солгарди мавлуди Маҳмудҷон Воҳидов дар театри ҷавонон, ки номи ӯро дорад, баргузор шуд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |