Эрдуғон Туркманистонро кишвари мавриди таваҷуҳи Туркия хонд
Раҷаб Тайиб Эрдуғон Туркманистонро кишвари мавриди таваҷуҳи Туркия унвон кардааст.
Эрдуғон аснои сафари дурӯзааш аз Ашқобод гуфтааст, ҳаҷми бештари сармояҳои Туркия вориди Туркманистон мешаванд. “Мо ҳамаи ҷанбаҳои муносиботи дуҷонибаро баррасӣ мекунем ва ба мушкилоти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, ки кишварҳои моро нигарон мекунад, расидагӣ мекунем”, гуфтааст Эрдуғон аснои дидораш аз Туркманистон.
Ҳудуди 600 ширкати туркӣ дар Туркманистон ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳаҷми сармояашон бештар аз 34 миллиард доллар ҳисоб шудааст. Ба навиштаи расонаҳои туркӣ миёни Туркманистон ва Туркия тиҷорат дар соҳаи энергетика зарфияти калон дорад, зеро Туркманистон соҳиби 10-12 дар сад гази ҷаҳон аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |