Иҷозаи гаронарзиши ҳукумат барои шикори 6 морхӯр дар Тоҷикистон
Шӯрои ҷаҳонии шикор ва ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ хабар додааст, ки ҳукумати Тоҷикистон барои шикори 6 морхӯр ё худ бузҳои пармашох дар мавсими имсолаи шикор иҷоза додааст.
Торнамои ин шӯро навиштааст, ки мавсими шикори имсола то 28-уми феврали соли 2015 идома хоҳад ёфт ва иҷозатномаҳо барои шикори шаш пармашох, аз нодиртарин ҳайвонҳо дар ҷаҳон интизори соҳибони худ мебошанд.
Иҷозаи шикори морхӯрҳо дар ҳолест, ки то солҳои охир ин намуди ҳайвонҳо дар кишвар дар вартаи нобудшавӣ қарор дошта, асосан барои гӯшту шохи гаронарзишашон аз тарафи қочоқбарони афғон қир мешуданд, чун пармашохҳо асосан дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ бо Афғонистон-Шӯроободу Дарвоз сукунат доранд. Тибқи иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дар пайи амалиёти мақомот алайҳи шикори ғайриқонунӣ, теъдоди морхӯрҳо аз 300 то ба беш аз 1000 адад расонда шудааст.
Феълан ба далели нодир будани ин ҳайвон иҷозаи шикори он дар Тоҷикистон ҳудуди 130 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ шудааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |