Пуштибонии Ҷинпин аз 3 ҳадафи Раҳмон ва имзои 4 созишномаи нав
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, нимаи дуюми рӯзи 7-уми ноябр бо Си Ҷинпин, раисиҷумҳури Чин густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, дар ҳузурашон 4 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Си Ҷинпин изҳор доштааст, ки се ҳадафи стратегии ҳукумати Тоҷикистон доир ба таъмини истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва раҳосозии кишвари худ аз бунбасти коммуникатсионӣ “се ҳадафи стратегии ҳамшарикии Тоҷикистону Чин аст”.
Ба иттилои манбаъ зимни мулоқот лоиҳаҳои нисбатан бузург аз ҷумла қитъаи тоҷикистонии лӯлаи гази Осиёи Марказӣ-Чин, бунёди навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии нави шаҳри Душанбе, роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа, навбати дуюми лоиҳаи сохтмон ва навсозии қитъаи Қалъаи Хумб-Хоруғи роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ-Кулма-Чин ва корҳои геологӣ-ҷустуҷӯӣ ва истихроҷи нафту гази Тоҷикистон баррасӣ гардиданд: “Ҳамчунин ба дурнамои бунёди роҳи оҳани Чин-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон-Халиҷи Форс низ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.”
Ҷонибҳо баробари масоили иқтисодию иҷтимоӣ инчунин ба созиш омадаанд, ки ҳамкориҳо миёни сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистону Чинро низ густариш диҳанд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар ниҳояти мулоқот дар ҳузури сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин 4 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
- Созишномаи қолабӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ҷудо намудани қарзи имтиёзноки Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Созишномаи қарзи имтиёзнок миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти (Эксимбонки) Ҷумҳурии Мардумии Чин барои сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа;
- Созишномаи қарзи имтиёзнок миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти (Эксимбонки) Ҷумҳурии Мардумии Чин барои сохтмони навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии нави шаҳри Душанбе ва ба 400 мегаватт расондани иқтидори умумии он;
- Созишномаи қарзи имтиёзнок миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти (Эксимбонки) Ҷумҳурии Мардумии Чин барои сохтмони корхонаҳои истеҳсоли креолит, алминийи фтордор ва кислотаи сулфат дар доираи навсозии ширкати Алюминийи Тоҷик.
Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Муколамаи шарикони Форуми ҳамкории иқтисодии кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором, ки 8-уми ноябр дар назар аст ва анҷом додани мулоқотҳои зиёди дуҷониба дар шаҳри Пекин, қарор дорад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |