Озмуни сафорати ИМА барои ҳифзи мероси фарҳангӣ дар Тоҷикистон

Сафорати Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон аз ифтитоҳи озмуни “Хазинаи сафирон оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ” (ХСҲМФ) хабар дод.
Аз сафоратхонаи мазкур ба “Озодагон” гуфтанд, “Хазинаи сафирон оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ” барномаҳоро аз қабили барқарор намудани иморатҳои бостониву таърихӣ, арзёбӣ ва ҳифзи дастнависҳои нодиру нигораҳои осорхонаҳо, нигоҳ доштан ва ҳифзи мавзеҳои муҳими бостонӣ, сабту хуҷҷатгузорӣ намудани ҳунарҳои миллӣ ва забонҳои маҳаллӣ, ки зери хатари нестшавӣ қарор гирифтаанд, дастгирӣ менамояд.
“Мероси фарҳангӣ нишонаест аз саҳмгузорӣ ва таҷрибаи таърихии башарият. То имрӯз сафорати ИМА таввасути гранти ХСҲМФ 15 барномаро дар Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 540000 доллари амрикоӣ дастгирӣ намудааст”,-афзуд манбаъ.
Сафорат ташкилотҳоеро, ки мехоҳанд дар ин озмун ширкат варзанд ба машварати иттилоотӣ даъват кардааст. Ин машварат 12 ноябр дар Гӯшаи Амрико, воқеъ дар Китобхонаи миллӣ баргузор мешавад.
Хазинаи сафирон оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ дар соли 2001 ҷиҳати нигоҳ доштани мероси фарҳангӣ ва зоҳир намудани эҳтироми ИМА нисбат ба фарҳангҳои ғайр таъсис дода шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |