Чин ба Тоҷикистон боз 100 миллион доллар қарз медиҳад
Бонки аграрии Чин барои рушди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон 100 миллион доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок медиҳад.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Тоҷикистон, ин масъала зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар бо Лю Шиюй, раиси Бонки аграрии Чин баррасӣ шудааст. Манбаъ мегӯяд, ин 100 миллион доллари қарзи Чин “ба се самти асосӣ- сохтмони корхонаҳои саноатӣ, рушди соҳибкории хурду миёна ва савдо ва омодасозии кадрҳо равона мегарданд”.
Дар ин мулоқот ҷонибҳо изҳори боварӣ кардаанд, ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону ин бонки Чин ба рушди робитаҳои иқтисодию сармоягузории ду кишвар мусоидат хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |