Бахшҳо
14 май 2011 08:42Ҷавонон ва варзиш

Авомфиребӣ дар рӯзи равшан

«Барои он, ки пеш равед, ҳар  замон ба қафо бингаред, вагарна фаромӯш хоҳед кард, ки аз куҷо бархостаед ва ба кадом самт бояд биравед»-мегӯяд нависандаи рус, Леонид Андреев.

Таври маълум мо дар арафаи 20-умин солгарди истиқлоли миллӣ қарор дорем. Аз ин лиҳоз шукри ин сарзамини сохибистиқлоли халқи тоҷик бояд кард, ки рӯзҳои мудҳиш пушти сар шудааст (манзурам ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997), ҳоло ба қавле дар замони осоишта ба сар мебарем. Вале дар ин миён як чиз, аниқтараш як падидаро бояд зикр намуд, ки мо дигар байни худ камтар  меҳру шафқат ва дӯстиву рафоқат дорем. Якдигарро мефиребуму қаллобӣ мекунем, ба ҳар роҳу восита пул кор кардан мехоҳем.

Матлаб аз ин гуфта  ин аст, ки санаи 8-уми майи соли ҷорӣ банда ҳамроҳи ҳамсабақам Файзалӣ аз назди истгоҳи марказии нохияи Рӯдакӣ  мегузаштем.   Диққати моро як бозингар, ки дар пушти миз қарор дошт ба худ ҷалб кард. Болои мизи ӯ як мошинаи майдаи дарздӯзӣ ва дар тарафи дигар ду видеои тамғаи DVD ҷойгир буданд. Мардуми дар ин рӯзҳои болоравии нарху наво рангпаридаи аз деҳот баргашта атрофии миз ҷамъ шуда, орзуи ҳар яки онҳо бурд кардани чизе буд.

Алик-малик ва шарик ё худ фиреби мардум

Ин бозӣ бо ном ҳамчун « Лото» маъруф аст. Аз ростӣ манн иттилои комил надорам, ки ин бозӣ дорои иҷозатномаи давлатӣ ҳаст ё хайр.Хуб, аз ин бигзарему бубинем, ки ин ҷавонон ба чӣ машғуланд:  Феълан яке аз ҳаммаслакони худашон, ки тахминан синнаш 25-35 -сола мерасид, либоси сафед дар тан дошт ва бозиро ҳамчун як шахси «тасодуфӣ» ё аниқтараш роҳгузар гарм менамуд. Хангоми мушоҳидаҳо маълум шуд, ки яке аз ин бозингарон ҷалби ин бозӣ гашта, 95 сомониашро бохт ва шахсе, ки дар паҳлӯяш буд  бо ӯ хешутаборӣ дошт, аз дасташ дошту кашонда бурд. Бозӣ  ба ин чунин тарз мегузашт: Арзиши як билет 1-сомониро ташкил дода, агар рақами билет ҷуфт барояд, (эҳтимол аст, ки аз 100 -то як-тои он ҷуфт бошад) ,DVD ва ё он 100 ё 150 –сомоние, ки соҳиби бозӣ ба болои DVD гузошта буд, бурд мекунӣ. Ҳар дафъа, ки ҳар ду бозингар 10 ё 15 ва ё 5 сомонӣ мегузоранд, рақам тоқ барояд, боз ҳам бозӣ авҷ   мегирад.  Сипас, дар ниҳояти бозӣ бо кӯмаки ҳаммаслаки худ рақами ҷуфтро ба ӯ ёфта медиҳаду баъд аз чанде  пароканда мешаванд.

Наврасон ҳам дар бозиҳои «шавқовар» иштирок мекунанд

Табиист, ки бархе аз ҷавонони «бозигар»  аз вазъияти номусоиди иҷтимоӣ истифода карда, ҳатто наврасонро ба ин бозии «шавқовар» ҷалб месозанд. Албатта, ин ташкилкунандахо аз ҳамон минтақаҳои дуре, ки ашхоси дигар онхоро нашиносанд, ба ин ҷойхо «кўч» мебанданд. Ногуфта намонад, ки вақте маротибаи  дуввум мо ду рафиқ аз он тарафи бозори хӯрока бармегаштем, як мошини тамғаи «Mersedes»-и рангаш абрнок омада, пушти миз қарор гирифт. Аз ин мушоҳида маълум намудам, ки онҳо ҳам аз ҳамон ҳаммаслаконеанд, ки аз ҷамъ намудани маблағи бедарду миён байни худ тақсим менамоянд. Баъдан банда хостам, ҳамчун эксперимент иштирок кунаму овозҳояшонро сабт намуда, рӯи  чоп  оварам, то ин ки ба дигарон маълум шавад. Ана матни сабти ман: «Биё як сомониай гуш- ку ма  як условиятон мемонм, гӯш кнен бачо комита мефора, ина 100 –сомонӣ пул комида, як рақами ҷуфт меброя инами 100 сомонира қати DVD мегира. 5 сум парто бкшо. Ҳангоми баромадани ду рақами якхела бозӣ бо тӯҳфаҳояш, ина 150-сомонӣ бо DVD 5 сум мети мекшоӣ «Хай ҷуфт наброя ба» чба намеброя? «чихе ма нафахмидм гапи тра ака» 5 см бте як латаре бкшо. Э бача шумода приз шидай охӣ, ҳоли ба кҷо мерай плт намесуза, « ба наброя чӣ ба то бегоха местем дар ин чо?», гуш-ку пул аз ҳардуи шумоай ина ма  150-сомонӣ комира мефора 15 см партоя бкшоя, инами пли шумоай, ходи шумоай, намекнӣ бозӣ? «охӣ надорм» напартоӣ пул а и мардак мешава.(ҳамммаслак) «Ба ҷуфт дора ҳамиҷа» бков биёв биё 5 см парто 150-сомонира бги» - бо чунин тарзи дилгармкунӣ одамони аз қишлоқҷой омадаро ба доми фиреби худ мекашанд.

Ҷавонон ва истиқлоли миллӣ

Магар ҳамин аст худшиносиву ифтихори миллии мо, ё чаро мо  ҳамеша бемасъулиятӣ зоҳир менамоем?  Мутаассифона, дар он ҳол хело дер хохад шуд, ки баъд ба қафо менигарем, ки оқибати  фиреб моро ба куҷоҳо оварда  мерасонд.Тавре мегӯянд «илоҷи воқеа пеш аз вукӯъ». Мо фарзанди як диёр,  як  ватани тозаистиқлолем. Мо имрӯзро фикр мекунему ояндаи кишварамонро, ватанамонро  намеандешем. Наход ягон мақомоти  ҳукуматӣ набошад, ки болои ин гуна бозихо назорат барад? Магар мо бо ҳамин қадаме  пеш меравем? Ҳаргиз! Аз ин рӯ, аз  кулли ҳамватанони азиз хоҳиш менамоям, ки дар  зиндагии ҳаррӯзаашон  масъулият ҳис намоянд, то фирефтаи дигарон нашаванд ва маблағи бе ин ҳам ночизи худро ба доми фано ва коми «аждаҳо» напартоянд.{jathumbnail off}

Фаридуни Зариф,
донишҷўйи соли сеюми факултаи журналистикаи ДМТ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)