Бахшҳо

2 ВИДЕО: Зани тоҷикистонӣ ба қасди худкушӣ бозорро сӯзондааст

Раёсати умури дохилии вилояти Саратов, имрӯз, 5-уми ноябр бо баргузории як нишасти хабарӣ омилҳои сӯзондани бозори “Сенной”-ро аз ҷониби соҳибкорзани тоҷикистонӣ, Рафида Минигалеева шарҳ додааст. Ин шаҳрванди 52-солаи Тоҷикистон баъди 8 моҳи кофтукоб 31-уми октбяр дар Маскав боздошт гардида, феълан ба Саратов интиқол дода шудааст.

Андрей Чепурной, ноиби сардори пулиси вилояти Саратов мегӯяд, ин зан дар яке аз хаймаҳои бозори “Сенной” ба фурӯши либосҳои махсуси моҳигирӣ машғул будааст ва зимни бозпурсӣ изҳор доштааст, ки он замон мушкили молӣ доштааст ва бозорро ба нияти худкушӣ сӯзондааст: “Сабти дастгоҳҳои назоратӣ нишон доданд, ки аз нуқтае, ки оташ сар зад, ин зан бо як зарфи панҷлитрӣ баромад. Маводи сӯхтро ин зан чанд рӯз пеш аз ҳодисаи сӯхтор овардааст ва баъди сӯхтор боз аввалин шуда, ба муҳофизон хабар додааст. Ӯ қаблан низ дар суҳбат бо наздиконаш аз нияти худкушӣ суҳбат кардааст.”

Пулиси Саратов инчунин мегӯяд, вақти даст задан ба сӯхтор ин зан дар ҳолати мастӣ қарор доштааст. Ба иттилои мақомоти пулиси Русия ин зан шаҳрвандии Тоҷикистонро дошта, соли 2002-юм аз Узбакистон ба Саратов рафтааст.

Ҳодисаи сӯхтори бозори “Сенной” моҳи феврали соли равон рух дода, дар пайи он 1500 метри мураббаи бозор нобуд шуда, ҳудуди 200 соҳибкор зарар дидаанд. Мақомоти пулис мегӯянд, алайҳи ин шаҳрванди 52-солаи Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ аз рӯи иттиҳоми нобуд кардани моли шахси дигар боз шуда, ба ӯ то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.


Нишондоди Рафида Минигалеева:



ВИДЕОИ сӯхтори бозори "Сенной" дар моҳи феврали соли равон:

Мӯҳр
л
Наход номаш Рафида бошад? О рафида барои нонро дар танур бастан истифода бурда мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)