“Аммо”-и Раҳмон вақти суҳбат дар бораи озодии ҳизбу ақида
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар баромадаш ба муносибати 20-умин солгарди Сарқонун дар Душанбе гуфт, ин санади муҳим имконияти баробари ҳар шахс барои иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат, озодии сухан, ҳизбу ақида, ҳаракату ирода ва гуногунандеширо кафолат додааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор доштааст, ки тибқи Сарқонун мафкураи ҳеч як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳеро ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф нашудааст.
Ӯ бо зикри кафолатҳои дар Сарқонун зикршуда, таъкид намуд, ки “аммо ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки ҳизбу ҳаракат ва созмону иттиҳодияҳои диниву ҷамъиятӣ ба ҳаёти мардум мафкураҳоеро таҳмил намоянд, ки онҳо суннату арзишҳои муқаддаси миллӣ, ваҳдат, субот ва амнияти ҷомеа, якпорчагӣ ва низоми қонунияти давлатиро халалдор созанд. Сарқонун таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсиеро, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ё барои ба зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ даъват менамоянд, манъ намудааст.”
Тибқи иттилои раисиҷумҳури Тоҷикистон феълан дар кишвар зиёда аз 2700 иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, 8 ҳизби сиёсӣ, беш аз 4000 иттиҳодияҳои динӣ ва 44 иттифоқҳои касаба ба расмият шинохта шудаанд.
Дар мавриди озодии сухан Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки шароити феълӣ дар кишвар имкон медиҳад, ки доираи фаъолияти воситаҳои ахбори омма боз ҳам васеъ гардида, барои пешрафти ҷомеа қадамҳои устувор гузошта шаванд: “Имрӯз аз 516 номгӯи рӯзномаву маҷаллаҳое, ки дар кишвар чоп мешаванд, 307 рӯзномаву маҷалла ғайридавлатӣ, аз 68 шабакаҳои радио ва телевизион 49 шабака хусусӣ ва аз 11 агентии иттилоотӣ 10 агентӣ ғайриҳукуматӣ мебошад. Ҳоло шумораи умумии истифодабарандагони интернет қариб ба 4 миллион нафар мерасад."
Дар мавриди озодии виҷдону дин раисиҷумҳур илова намудааст, ки Сарқонун озодии эътиқод ва озодии виҷдонро ба ихтиёри инсон вогузор намуда, нуктаи муҳим ва марказии ин озодӣ эътирофи ҳаққи инсонҳо ба ҳамин арзишҳо буда, ҳукми ихтиёр ва ҷонибдорӣ кори шахсии ҳар фард аст: “Дар Сарқонун таъкид шудааст, ки ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд".
Бо зикри ин ва дигар арқом Эмомалӣ Раҳмон аз озодии феълии сухану ақидаю виҷдон дар кишвар изҳори қаноатмандӣ кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |